Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли СММ – ро аз таҷовузи низомии Қирғизистон ба Тоҷикистон огоҳ кард

Ба Антониу Гуттериш далелҳо аз ҷиноятҳои низомии Қирғизистон пешниҳод гардид


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ Антонио Гуттериш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дод. Ин вохӯрӣ 19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

“Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббусҳои дипломатии Тоҷикистон дар ҳалли низоъҳо ёдовар шуд.

“Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ тарафдор мебошад”, зикр кард вазир зимни мулоқот.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бавежа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор карданд.

“Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз кард”, омадааст дар хабар.