Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли СММ - ро аз таҷовузи низомии Қирғизистон ба Тоҷикистон огоҳ кард
Дата публикации: 09:2520.09.2022
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ Антонио Гуттериш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дод. Ин вохӯрӣ 19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
"Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд", омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббусҳои дипломатии Тоҷикистон дар ҳалли низоъҳо ёдовар шуд.
"Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ тарафдор мебошад", зикр кард вазир зимни мулоқот.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бавежа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор карданд.
"Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз кард", омадааст дар хабар.
1990 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад