fbpx

Сингапур, Чин ва Ҷопон. Стипендияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Дар баъзе аз онҳо ҳатто барои харидории ноутбук ба донишҷӯ маблағ ҷудо карда мешавад.


0
Акси марбута

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқӣ ҳамоно аз самтҳои маъмултарин барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ ба шумор меравад. Сингапур, Чин ва Ҷопон барои довталабони зинаи бакалавр стипендияҳои бонуфуз пешниҳод мекунанд, ки на танҳо маблағи таҳсил, балки дигар хароҷотҳоро низ мепӯшонанд.

Your.tj барои довталабоне, ки мехоҳанд дар соли таҳсили 2025-2026 дар хориҷа таҳсил кунанд, маълумот дар бораи стипендияҳоро гирд овард.

Дар ин матлаб шарҳ дода мешавад, ки чӣ тавр шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд стипендия барои таҳсил дар Сингапур, Чин ва Ҷопонро ба даст оранд.

Сингапур

Nanyang Global Scholarship

Ин стипендияро Донишгоҳи Технологии Нанянг (Nanyang Global ScholarshipNTU) барои донишҷӯёни тамоми ҷаҳон, ки ба зинаи бакалавр дохил мешаванд, пешниҳод мекунад.

Он маблағи пурраи таҳсилро мепӯшонад, 6500 доллари сингапурӣ ҳамчун кӯмаки солона барои зиндагӣ дода мешавад (барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, 2000 доллари иловагӣ дода мешавад), инчунин як маротиба 2000 доллари сингапурӣ барои харидани ноутбук пардохт карда мешавад.

Аз соли 2025, стипендия маблағи парвози донишҷӯро (то 8000 доллар) низ медиҳад.

Талабот: доштани яке аз ҳуҷҷатҳои зерин – сертификати Singapore-Cambridge GCE Advanced Level, дипломи Политехникаи Сингапур, дипломи мактаби NUS High School, дипломи IB (барномаи дусолаи таҳсил) ё таҳсилоти пурраи 12-солаи мактабӣ; нишондиҳандаҳои хуби академӣ ва берун аз дарс, малакаҳои раҳбарӣ.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо: аз дохилшавӣ ба NTU вобаста аст. Аввал бояд ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳ фиристода шаванд ва пас аз гирифтани рақами дархост метавон барои стипендия муроҷиат кард.

Дархостро дар ин ҷо гузоштан мумкин аст.

SIM Global Education Scholarship

Ин стипендия барои довталабоне аст, ки мехоҳанд дар Singapore Institute of Management (SIM) таҳсил кунанд.

Он ба донишҷӯёне дода мешавад, ки натиҷаҳои хуби таҳсил доранд ё дар варзишу санъат дастовардҳои муайян нишон додаанд.

Ҳаҷми стипендия 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад ва он дар ду марҳила пардохт мешавад: пас аз ба даст овардани стипендия ва пас аз натиҷаҳои охирини таҳсил.

Талабот: доштани яке аз ҳуҷҷатҳои зерин – сертификати Singapore-Cambridge GCE Advanced Level, дипломи Политехникаи Сингапур, дипломи мактаби NUS High School, дипломи IB ё таҳсилоти 12-солаи мактабӣ, малакаҳои раҳбарӣ ва муошират.

Қабули дархостҳо ду маротиба дар як сол сурат мегирад – дар моҳи март ва сентябр. Давраи марти соли 2025 аллакай ба поён расидааст. Давраи навбатӣ аз 1 то 21 сентябр баргузор мешавад.

Маълумоти бештар дар бораи стипендия, инчунин гузоштани дархост пас аз оғози қабули дархостҳо, дар ин ҷо.

Чин

Beijing Government Scholarship

Ин стипендияи пурраи Ҳукумати Пекин барои донишҷӯёни хориҷӣ аст. Он се категория дорад ва баландтарин сатҳи он 40 000 юан (тақрибан 5700 доллари ИМА) аст.

Стипендия танҳо маблағи таҳсилро пурра ё қисман мепӯшонад ва дархост ба комиссияи донишгоҳи интихобшуда фиристода мешавад.

Талабот: дониши забони чинӣ ва/ё англисӣ (вобаста ба барнома), доштани шаҳодатномаи хатми мактаб, синну сол на зиёда аз 30 сола.

Эзоҳ: довталаб набояд якбора чанд стипендияи Ҳукумати Чинро ба даст орад.

Муҳлати қабули дархостҳо: аз феврал то июни ҳар сол.

Маълумоти муфассал дар ин ҷо

Hubei Government Scholarship

Ин стипендия маблағи то 10 000 юан (тақрибан 1373 доллари ИМА)-ро дар як сол ташкил медиҳад. Асосан танҳо хароҷоти таҳсилро мепӯшонад, боқимонда ба донишгоҳ вобаста аст.

Талабот: дониши забони чинӣ ва/ё англисӣ (вобаста ба барнома), доштани шаҳодатномаи хатми мактаб, синну сол на зиёда аз 25 сола.

Муҳлати қабули дархостҳо: аз феврал то июн, вобаста ба донишгоҳ.

Маълумоти муфассал дар ин ҷо

Ҷопон

MEXT Scholarships

MEXT Scholarships аз бонуфузтарин стипендияҳо пурра маблағгузоришаванда барои донишҷӯёни хориҷӣ мебошад.

Он маблағи таҳсил, хароҷоти зиндагӣ, стипендияи моҳона ва чиптаи ҳавопайморо мепӯшонад. Барномаҳо ҳам бо забони ҷопонӣ ва ҳам бо забони англисӣ пешниҳод мешаванд.

Талабот: дониши забони ҷопонӣ ва/ё англисӣ (вобаста ба барнома), хатми пурраи таҳсилоти миёна – синфи 12 ё аттестати ивазкунандаи он, синну соли аз 17 то 25 сола.

Қабули дархостҳо барои соли 2026 аз моҳи апрели соли 2025 оғоз мешавад.

Тавсия дода мешавад, ки санаҳои дақиқро пешакӣ аз сафорати Ҷопон муайян кунед.

Маълумоти муфассал дар ин ҷо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend