Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1019.12.2025
Марҳилаи шадиди буҳрон, бо маҳдудиятҳои сахту бемористонҳои пур гузаштааст ва ҷои онро як пандемияи оромтар, вале ҷиддӣ – синдроми пасоковидӣ, ки инчунин бо номи “COVID-и тӯлонӣ” ё “лонг-ковид” маълум аст, гирифтааст.
Синдроми пасоковидӣ ба на камтар аз 65 миллион нафар дар саросари ҷаҳон таъсир кардааст ва бар асоси баъзе маълумотҳо, ин рақам метавонад чанд маротиба бештар бошад.
Дар давоми ду соли аввал (2020-2021) беш аз 17 миллион нафар дар минтақаи аврупоии Созмони Умумиҷҳонии Тандурустӣ бо асоратҳои пасоковидӣ рӯбарӯ шудаанд. Ҳадди ақал дар 10-20% шахсоне, ки дар саросари ҷаҳон ковидро аз сар гузарондаанд, метавон асоратҳои ин вирусро ташхис кард.
Ҳамакнун ҷомеаи илмӣ синдроми пасоковидиро ҳамчун бемории мушкил, мултисистемавӣ ва музмин эътироф мекунад. Дар чанд соли охир, олимон аз ҳолати комилан номуайянӣ ва нобоварӣ ба муайян кардани механизмҳои биологӣ, ки асоси ин ҳолат мебошанд, гузаштаанд.
Дар ин мақола мо дида мебароем, ки ин беморӣ аз нуқтаи назари тибби муосир чӣ аст, сабабҳо ва аломатҳои он чӣ мебошанд ва чӣ гуна ба ҳаёти инсонҳо таъсир мерасонанд. Ниҳоят, мо самараноктарин стратегияҳои табобат ва реабилитатсияро, ки имрӯз тибби исботшуда пешниҳод мекунад, таҳлил менамоем.
Худи коронавирус ба ҳеҷ куҷо нест нашуд. Танҳо дар моҳҳои гузашта (байни 30 июн ва 27 июли 2025) дар 90 кишвар 80 ҳазору 765 ҳолати нави сирояти COVID-19 сабт шудааст. Ба арзёбиҳои консервативӣ, ҳоло тақрибан 8 ҳазор нафар метавонад ҳолати пасоковидӣ дошта бошад.
Дар оғози пандемия, вақте духтурон ба наҷоти ҳаёт аз сирояти шадид тамаркуз доштанд, аввалин нафароне, ки изҳори нигаронӣ карданд, худи беморон буданд. Дар ҷамъиятҳои онлайнӣ ба ҳам омада, онҳо ба мубодилаи нақлҳо дар бораи аломатҳое, ки ҳафтаҳо ва моҳҳо гузаштан намехостанд, оғоз карданд.
Маҳз ҳамин одамон, ки худро “long-haulers” (дурандозҳо) номиданд, истилоҳи “Long COVID” (COVID-и тӯлонӣ)-ро ба кор бурданд. Он чизе, ки аввал ҳамчун ҳаракати беморон шуруъ шуд, бо гузашти вақт эътирофи расмӣ ва таърифҳои клиникии дақиқ аз ташкилотҳои пешсафи ҷаҳонии тандурустӣ гирифт.
Ҳамакнун консенсуси илмӣ ба таври назаррас шакл гирифтааст. СУТ ҳолати пасоковидиро ҳамчун аломатҳое муайян мекунад, ки пас аз 3 моҳ аз оғози сирояти SARS-CoV-2 идома меёбанд ё рушд мекунанд, на камтар аз 2 моҳ давом мекунанд ва бо ягон ташхиси дигари тиббӣ шарҳ дода намешаванд.
Дар ИМА як Кумитаи алоҳида барои омӯзиши таърифи кории “лонг-ковид” таъсис ёфт. Дар июли 2024, ин кумита ва Академияи миллии илмҳо, муҳандисӣ ва тибби ИМА чунин таъриф пешниҳод карданд:
“Ин бемории музмини инфексионӣ мебошад, ки пас аз сирояти SARS-CoV-2 ба вуҷуд меояд ва на камтар аз 3 моҳ, дар шакли ҳолати доимӣ, такроршаванда ва ремиттирӣ (бо давраҳои шиддат ё беҳбудӣ) ё авҷгиранда, ки ба як ё якчанд системаи узвҳо осеб мерасонад, давом мекунад. Ҳангоми ковиди тӯлонӣ ҳар як системаи узв метавонад осеб бинад”.
Гузариш аз истилоҳи “синдром” ба “ҳолати музмин” лонг-ковидро ҳамчун бемории воқеӣ бо триггери биологӣ тасдиқ мекунад. Ин онро дар як қатор бо дигар бемориҳои пасазинфексионӣ, ба монанди синдроми музмини хастагӣ ва синдроми тахикардияи ортостатикӣ (СПОТ – вақте дар ҳолати рост истодан фишори хун поён меравад) мегузорад.
Ин тасниф ба таҳқиқоти илмӣ самт медиҳад, ки сабабҳои биологии мушаххасро ҷустуҷӯ кунанд. Муҳим аст қайд кардан, ки барои гузоштани ташхис лозим нест, ташхиси мусбати COVID-19 вуҷуд дошта бошад, зеро дар оғози пандемия санҷиш барои ҳама дастрас набуд.
Синдроми пасоковидӣ бемории ягона нест, балки истилоҳи умумӣ аст, ки якчанд ҳолатҳои гуногуни пасазинфексиониро фаро мегирад. Табибон онро шартан ба ду марҳила тақсим мекунанд:
Ҷараёни беморӣ метавонад гуногун бошад: дар баъзеҳо аломатҳо ҳамеша боқӣ мемонанд, дар дигарон бо давраҳои беҳбудӣ ва шиддат ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто авҷ мегиранд, ба як ё якчанд системаи организм осеб медиҳанд.
Яке аз саволҳои асосӣ, ки олимонро нигарон мекард: чаро дар баъзе одамон аломатҳо пас аз он ки вирус, ба назар мерасад, мағлуб шудааст, ба муддати дароз боқӣ мемонад? Ҳамакнун чанд назария вуҷуд дорад, ки якдигарро истисно намекунанд, балки ҳамдигарро пурра мекунанд ва намуди гуногуни бемориро шарҳ медиҳанд.
Назарияи аввал ин аст, ки вируси SARS-CoV-2 ё қисмҳои он пурра аз организм хориҷ намешаванд ва дар он чизе, ки “резервуараҳои вирусӣ” ном доранд, боқӣ мемонанд. Ин назарияро маълумоти нави илмӣ низ тасдиқ мекунад.
Масалан, дар як таҳқиқот, ки дар маҷаллаи Clinical Infectious Diseases нашр шудааст, олимон намунаҳои плазмаи хунро аз беморони синдроми пасоковидӣ таҳлил карданд. Онҳо ошкор намуданд, ки дар 60% аз онҳо сафедаи хордори SARS-CoV-2 то 12 моҳ пас аз ташхиси аввал дар хун боқӣ мондааст.
Дар одамоне, ки COVID-19 гузаронидаанд ва асорате нагирифтаанд, ин сафеда ошкор нашудааст. Муаллифон тахмин мекунанд, ки маҳз боқӣ мондани қисмҳои вирус дар организм метавонад яке аз сабабҳои асосии рушди синдроми пасоковидӣ бошад ва пешниҳод мекунанд, ки ин сафеда ҳамчун биомаркер барои ташхиси ин ҳолат истифода шавад.
Сафедаи хордори вируси SARS-CoV-2 худ патогенӣ мебошад: он метавонад илтиҳоб ва осеби эндотели – қабати дарунии рагҳои хунро ба вуҷуд орад.
Аммо ин гипотеза бояд бо як тафсири муҳим фаҳмида шавад. Пизишки сироятшинос Мурод Гадойбоев мушаххас мекунад, ки ин қисмҳои вирус дар куҷо ҷойгир шудаанд ва чӣ хатаре доранд:
“Хун дар организми мо тамъизшаванда аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи зарраҳои вирус ё дигар патогенҳо пас аз ба охир расидани беморӣ нейтрализатсия мешаванд. Он зарраҳои вирус, ки олимон ёфтанд, дар дохили ҳуҷайраҳои масунияти бадан дар бофтаҳои осебдида ҷой доранд. Ин зарраҳои вирус дигар хатар барои организм надоранд”.
Аз ин рӯ, диққат аз худи вирус ба реаксияе, ки он дар организм ба вуҷуд овардааст, тағйир меёбад, ки моро ба дуюмин назарияи асосӣ мебарад – вайроншавии тӯлонии фаъолияти системаи масуният, ки инфексия онро ба вуҷуд овардааст. Ин метавонад дар якчанд шакл намоён шавад:
Ин гипотезаро ҳам Мурод Гадойбоев тасдиқ мекунад ва шарҳ медиҳад, ки чунин халал дар кори масуният номи мушаххас ва оқибатҳои дарозмуддат дорад:
“Маҳз COVID-19 реаксияи нодурусти масуниятро ба вуҷуд меорад ва ин ҳолат „борони ситокинӣ“ ном дорад. Ин ҷавоб на танҳо инфексияҳои хобидаро бедор мекунад, балки бемориҳои музминро, ки дар марҳилаи ремиссия қарор доранд, низ фаъол мегардонад”,- мегӯяд пизишк.
Назарияи охирин чунин аст, ки вируси SARS-CoV-2 бо қобилияти худ барои ҳамла ба эндотелий – қабати тунуки ҳуҷайраҳо, ки ҳамаи рагҳои хунро мепӯшонад, машҳур аст. Осеби эндотелий ду оқибати ҷиддиро ба вуҷуд меорад:
Мурод Гадойбоев шарҳ медиҳад, ки SARS-CoV-2 ба кадом ҳуҷайраҳо “мечаспад” ва чаро ин ҳолат ба оқибатҳои системавӣ оварда мерасонад:
“Вируси SARS-CoV-2 ба ресепторҳои АПФ-2 тропизм дорад (яъне ҳадафмандона ба ҳуҷайраҳои дорои ин ресепторҳо ҳамла мекунад), ки дар қабати дарунии капиллярҳо ҷойгиранд. Капиллярҳо дар тамоми организм ҳастанд, ба ҷуз чашм ва зону. Дар натиҷа вирус ба тамоми узвҳо осеб мерасонад ва вайроншавии коагулятсия (хатти хун)-ро ба вуҷуд меорад, ки ба ташаккули микротромбҳо мерасонад. Ин раванд шумораи беморони гирифтори инфаркт, сактаи майна ва тромбози рагҳои чуқури поёниро афзун мекунад”,- таъкид менамояд сироятшинос.
Ҳамаи ин механизмҳо илтиҳоби боқимонда, норасоии масуният ва осеби рагҳо тасвири ягонаи бемории мултисистемавиро ташкил медиҳанд. Ташвиқи доимии системаи масуният як силсилаи реаксияҳоро ба вуҷуд меорад, ки мефаҳмонад, чаро доруҳои одии зиддивирусӣ дигар барои табобати пасоковидӣ самаранок нестанд.
Ғайр аз ин се назарияи асосӣ, омилҳои дигар низ ҳастанд, ки вазъияти беморонро мураккаб мекунанд. Пизишки сироятшинос Мурод Гадойбоев ба норасоии мубодилаи моддаҳои ғизоӣ, ки ба инкишоф ва шиддати аломатҳои пасоковидӣ таъсир мерасонанд, таъкид мекунад:
“Яке аз мушкилоти калон норасоии витамини D3 мебошад. Ин витамин дар фаъолсозӣ ва кори дурустии масуният иштирок мекунад. Осеби капиллярҳо дар ҳамроҳӣ бо норасоии витамини D3 боиси аломатҳое мисли заифӣ, рехтани мӯй ва реактиватсияи бемориҳои музмин мегардад. Пас аз сироят бо COVID-19 инчунин мутаносибии минералҳо халал мебинад, махсусан паст шудани сатҳи калсий, магний, селен ва руҳ”,- мегӯяд пизишк.
Синдроми пасоковидӣ метавонад бештар аз 200 аломатро дар бар гирад, ки тақрибан ҳар системаи организмро фаро мегиранд. Аломатҳои маъмултарин ва хастаовар се навъанд:
Оқибатҳои синдроми пасоковидӣ барои қобилияти кории аҳолӣ хеле бузурганд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто баъд аз моҳҳо пас аз сироят, қисми назарраси беморон наметавонанд ба сатҳи пешини кори худ баргарданд.
Пурсиши онлайнӣ, ки дар он 3762 нафар аз ИМА, Канада ва кишварҳои Ғарби Аврупо иштирок карданд, нишон дод, ки 45% одамон маҷбур шуданд ба ҷадвали кории кӯтоҳ гузаранд ва 22% комилан наметавонистанд кор кунанд, зеро вазъи саломатии онҳо имкон намедод. Ҳудуди 86% беморон дар бораи ногаҳон шиддат гирифтани аломатҳо гуфтанд. Сабабҳои асосии чунин шиддатёбӣ бори ҷисмонӣ ё маънавӣ ва стресс мебошад.
То имрӯз доруе, ки метавонад синдроми пасоковидиро пурра шифо диҳад, вуҷуд надорад. Як баррасии систематикӣ, ки дар охири соли 2024 дар яке аз маъруфтарин маҷаллаҳои тиббии British Medical Journal нашр шуд, нишон дод, ки бисёр доруҳо ва иловаҳо дар табобати синдроми пасоковидӣ самаранок набуданд.
Тадқиқотгарон 24 таҳқиқоти тасодуфан назоратшавандаро омӯхтанд, ки дар онҳо 3695 беморони синдроми пасоковидӣ иштирок карда буданд. Дар ин корҳо усулҳои гуногуни табобат – аз доруҳо то психотерапия ва машқҳои ҷисмонӣ муқоиса карда мешуданд. Таҳлил нишон дод, ки танҳо ду усул дорои самаранокии исботшуда мебошанд:
Аз машқҳои ҷисмонӣ, тамринҳои интервалии аэробӣ (3-5 маротиба дар ҳафта барои 4-6 ҳафта) нисбат ба борҳои вазнин дар табобати синдроми пасоковидӣ самараноктар буданд. Беморон тавонистанд бо навбат кардани давраҳои кӯтоҳи фаъолият ва истироҳат зудтар саломатиашонро барқарор кунанд.
Олимон инчунин самаранокии усулҳои дигари зиёдро санҷиданд, аз ҷумла доруҳои гуногун (масалан, вортиоксетин ва леронлимаб), пробиотикҳо, коэнзим Q10 ва иловаҳои дигар. То кунун далелҳои қотеъ вуҷуд надорад, ки ин воситаҳо дар табобати синдроми пасоковидӣ самаранок бошанд.
Ташхиси синдроми пасоковидӣ клиникӣ аст. Яъне он бар асоси ҷамъоварии муфассали таърихи беморӣ, таҳлили аломатҳо ва истисно кардани дигар бемориҳо, ки метавонанд чунин шикоятҳоро ба вуҷуд оранд, гузошта мешавад. Барқарорсозӣ дар синдроми пасоковидӣ бояд комплексӣ ва инфиродӣ бошад.
Духтур метавонад санҷишҳои иловагӣ таъйин кунад, то ҳолати узвҳои гуногунро арзёбӣ кунад. Масалан, дар ҳолатҳои шикоят аз нафастангӣ рентгени қафаси сина тавсия дода мешавад ва дар ҳолатҳои чарх задани сар ва таппиши тези набз – чен кардани набз ва фишор дар ҳолати хоб ва истода барои муайян кардани СПОТ.
Ба доруҳои зиддивирусӣ умедҳи калон буд, махсусан ба Паксловид – доруе, ки дар сирояти шадиди COVID-19 самаранок аст. Мантиқ чунин буд, ки агар вирус ҳанӯз дар организм бошад, давраи табобати зиддивирусӣ бояд ба осон кардани аломатҳои лонг-ковид кӯмак кунад.
Натиҷаҳои санҷишҳои клиникӣ, ки моҳи августи 2025 дар Lancet нашр шуданд, нишон доданд, ки барои бемороне, ки аллакай синдроми пасоковидӣ ташаккул ёфтааст, Паксловид ба сабуктар шудани аломатҳо кӯмак карда наметавонад. Ин назария тасдиқ мекунад, ки зараррасони асосӣ на ҳамон вируси фаъол, балки фрагментҳои боқимонда ва силсилаи илтиҳоб ва аутоиммунӣ мебошад, ки онҳо ба вуҷуд меоранд.
Доруҳои дигар, ба монанди гидроксихлорохин барои табобати бемориҳои аутоиммунӣ ҳанӯз дар марҳилаҳои аввали пандемия самаранок ҳисобида намешуданд.
Имрӯз пизишкон терапияи дорувориро барои сабук кардани аломатҳои мушаххас интихоб мекунанд. Масалан, барои назорати тахикардия дар СПОТ метавон бета-блокаторҳоро истифода бурд, барои сабук кардани дард доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ.
Бар асоси тавсияҳои Донишгоҳи Йел, барои бемороне, ки аз хастагии патологӣ ва нохушии пас аз бори ҷисмонӣ (ПНН) ранҷ мебаранд, стратегияи асосии мубориза бо ин аломат пейсинг мебошад консепсияи идоракунии энергия, ки бар асоси принсипи “4 П” сохта шудааст:
Ҳадафи асосии пейсинг дар доираи “конверти энергетикӣ”-и худ боқӣ мондан, яъне бештар аз қуввае, ки организм метавонад барқарор кунад, сарф накардан. Ин кӯмак мекунад, ки хастагии патологӣ пешгирӣ ва ҳолати умумиро тадриҷан мустаҳкам намояд.
Дар Тоҷикистон ҳолати ковиди тӯлонӣ ташхис намешавад ва амалан эътироф карда намешавад. Ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 ҳолати сирояти COVID-19 сабт шудааст.
Синдроми пасоковидӣ дар Классификатсияи байналмилалии бемориҳо, бознигарифтаи 10-ум (МКБ-10) бо рамзи махсус U09.9 “Ҳолати пас аз COVID-19 номуайян” дохил карда шудааст. Ин имкон дод, ки ҳолатҳо расман сабт ва омор ҷамъоварӣ шаванд. Аммо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ин рамз ё хеле кам истифода мешавад, ё комилан истифода намешавад.
Бо вуҷуди ин, муҳаққиқони маҳаллӣ ҳанӯз ҳам оқибатҳои дарозмуддати COVID-19-ро сабт ва таҳлил мекунанд. Масалан, дар таҳқиқоте, ки соли 2023 дар маҷаллаи “Здравоохранение Таджикистана” нашр шуд, кормандони Институти гастроэнтерологии Тоҷикистон маълумоти 72 бемореро, ки ба коронавирус гирифтор буданд, таҳлил карданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки пас аз 6 моҳи беморӣ синдроми рӯдаҳои озурда (СРК) дар 29% бемороне инкишоф ёфт, ки аллакай аломатҳои гастроэнтерологӣ доштанд. Дар гурӯҳи беморони бидуни чунин аломатҳо СРК танҳо дар 7% ҳолатҳо ба вуҷуд омад.
Муҳаққиқон чунин хулоса карданд, ки аломатҳо аз тарафи системаи меъдаву рӯда пас аз сирояти шадиди COVID-19 боқӣ мемонанд ва метавонанд “ба сифати ҳаёти беморон таъсири назаррас расонанд”.
Дар Тоҷикистон бемороне, ки ковидро гузаштаанд, инчунин аз таҳаввулоти асабӣ ва равонӣ низ шикоят мекунанд.
Наргис, сокини шаҳри Душанбе, дар мусоҳиба бо Азия-Плюс соли 2021 қисса карда буд:
“Аввал ҳолати депрессиямро ба марги модарам бастагӣ медодам. Вале ин сардардҳои даҳшатнок на давоми 10 моҳ як сония ҳам бас накарданд! Дарди ҷонкоҳ, асабоният, депрессияи тӯлонӣ. Дар ниҳоят, ман ба худ фурӯ рафтам, – нақл кард Наргис. – Ҳоло ман ба невролог ва психолог муроҷиат мекунам, дору мегирам ва то ҳол намешавад гуфт, ки худро мисли пештара ҳис мекунам”.
Ғайр аз ин, пизишкон дар беморон аломатҳои кардиореспираторӣ – сулфаҳои тӯлонӣ, нафастангӣ ва норасоӣ дар кори дилро ташхис карданд. Your.tj аз кардиологҳои тоҷик маълум кард, ки дар беморон суръати дил метавонад ба таври назаррас паст шавад (то 35-45 зарба/дақ) ҳатто бе бемориҳои қаблии қалб. Ин ҳолат заифӣ, сардард ва хатари азҳушравиро ба миён меовард.
Беморон инчунин аз ҳолатҳои тахикардия, тағйирёбии фишори хун ва дард дар қафаси сина шикоят мекарданд. Масалан, як корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навишта буд:
“Ман тағйироти ногаҳонии ҳолати рӯҳӣ, ваҳм дорам, фишорам то 190/110 мерасад (дар ҳолати муқаррарӣ 90/60)”.
Дар Тоҷикистон қадамҳо барои ҳалли мушкилоти синдроми пасоковидӣ гузошта шудаанд. Дар доираи лоиҳаи EpiC, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешуд, 70 корманди тиб аз 39 муассисаи табобатӣ дар саросари кишвар омӯзиши махсус дар бораи дастгирӣ ва барқарорсозии клиникии беморони пасоковидӣ гузаштанд. Вале худи ташхиси лонг-ковид то ҳол расман гузошта намешавад.
Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Қазоқистон протоколи клиникии муфассал соли 2023 амал мекунад, ки синдроми пасоковидиро ҳамчун аломатҳое муайян мекунад, ки пас аз COVID-19 зиёда аз 12 ҳафта боқӣ мемонанд. Ин протокол муқаррароти тиббӣ дар давоми як сол барои беморони дорои зарари шуш, терапияи антикоагулянтӣ (табобат барои кам кардани хуноба ва пешгирии ташаккули тромбҳо ё қатъ кардани афзоиши тромбҳои мавҷуда) ва дастгирии равонӣ пешбинӣ мекунад.
Пизишкон дар Қазоқистон меъёрҳои мушаххаси ташхисии синдроми пасоковидиро истифода мебаранд, таҳқиқоти лабораторӣ ва тестҳои функсионалиро мегузаронанд ва барқарорсозии махсус таъйин мекунанд.
Дар саросари ҷаҳон таҳқиқоти васеъ оид ба табобати оқибатҳои сирояти коронавирус идома доранд. Барномаи пешбари он NIH RECOVER-и Амрико мебошад, ки дар он ҳазорҳо бемор таҳқиқ шуда, даҳҳо усули эҳтимолии табобат санҷида мешаванд.
Муҳаққиқон нишондиҳандаҳои объективӣ дар хун ё бофтаҳо ҷустуҷӯ мекунанд, ки имкон диҳад синдроми пасоковидиро дақиқ ташхис намоянд ва беморонро ба гурӯҳҳои гуногун вобаста ба механизми асосии патологӣ ҷудо кунанд. Ин ба табобати фарди бемории музмин гузаштанро имкон медиҳад.
Ҳамчунин санҷиши доруҳо, ки ба механизмҳои мушаххаси беморӣ нигаронида шудаанд, идома дорад: иммунотерапевтҳо (барои танзими кори системаи масунияти), антикоагулянтҳо (барои мубориза бо микротромбҳо) ва доруҳо, ки ба барқарорсозии функсияи эндотел таъсир мерасонанд.
То имрӯз, пешгирии худи сирояти COVID-19 ҳамчун роҳи боэътимоди пешгирии синдроми пасоковидӣ боқӣ мемонад. Чанд таҳқиқот нишон доданд, ки эмкунӣ беҳтарин абзори дастрас барои кам кардани хатари рушди лонг-ковид мебошад.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи муаллиф, Навруз Каримов, вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Тарҷума мутобиқгардонида аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо
141 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад