Симкортҳои дубора сабтином нашуда, хомӯш карда шудаанд

Қаблан сабтиноми дубораи симкортҳо то 15 феврали соли 2024 тамдид шуда буд.


Симкортҳои ба қайд нагирифта дар тоҷикистон хомӯш карда шуданд

Тамоми симкортҳое, ки то ҳол бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд буданд ва аз нав сабтином нашуданд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомӯш карда шудаанд. Дар ин бора Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дод.

Вале манбаъ, инчунин зикр мекунад, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023, №35 қарори пештараро аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, то 15-уми феврали соли 2024 тамдид мекард.

Ба иттилои Хадамоти алоқа то имрӯз бо шиносномаи намунаи соли 2014 (ID корт)  – наздики 7,4 миллион симкортҳо сабтином шудааст, аз он беш аз 5,6 миллион муштариёни фаъол мебошанд.

Зикр мешавад, ки танҳо аз 1 феврал то 28-уми июни соли равон муштариён 851,1 ҳазор симкортро аз нав бо ID-корт сабтином кардаанд.

То ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8,3 миллион шумораи умумии симкортҳои бақайдгирифтаи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ беш аз 5,6 миллионашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки охирин бор сабтиноми дубораи симкорти ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тамдид шуда, муҳлати ниҳоии он 15 феврали соли 2024 муқаррар шудааст.