fbpx

Сиёсатмадори рус: “Ба муҳоҷирони тоҷик додани шаҳрвандии Русияро қатъ кунед”

“Ман пешниҳод мекунам, ки муваққатан - масалан, то охири соли 2023 - моратория барои додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад", - гуфтааст ӯ.


0
Акс аз сомонаи РБК

Раиси ҳизби “Справедливая Россия – За правду” Сергей Миронов дар робита ба омори соли 2021, ки беш аз 103 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд, пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандии Русияро ба тоҷикистониён то соли 2023 манъ кунанд.

Ӯ гуфтааст, ки оне ки беш аз ҳама истиқоматкунандагони Донбасс аз ҳама беш шиносномаи Русияро гирифтаанд нигаронкунанда нест. Аммо рақами нигаронкунанда ин 103 ҳазор нафарест, ки аз Тоҷикистон омадаанд.

“Зиёда аз нисфи гирандагони шиносномаи Русия аз Донбасс ҳастанд. Дар ин ҷо ҳама чиз равшан аст, ҳеҷ саволе нест. Рақами дигар ҳаяҷоновар аст: 14% ё 103 ҳазор шаҳрвандони нави аз Тоҷикистон омада. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми тамом дорам, вале биёед рӯирост гап занем: аксарияти аз Тоҷикистон омадаҳо забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро қариб намедонанд, агар тамоман надонанд, онҳо тахассуси баланд ва ҳатто миёна ҳам надоранд. Шаҳрвандии моро ба даст овардан ба манфиати онҳост. Вале манфиати Русия дар чист?”, – гуфтааст, Миронов.

Ба гуфтаи Сергей Миронов, омори “россификация”-и оммавии сокинони Тоҷикистон баёнгари вусъат ва доманаи фасод дар шӯъбаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

Раиси ҳизб ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳоло дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» баррасӣ мешавад. Аммо давлат бояд ба ин масъала ба таври фаврӣ вокуниш ва дахолат кунад.

“Ман пешниҳод мекунам, ки муваққатан – масалан, то охири соли 2023 – моратория барои додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад. Дар ин муддат бояд бо ҳолатҳои қаблии додани шиносномаҳои Русия ба меҳмонон аз ин кишвар тафтиш карда шаванд. Агар шаҳрвандӣ ғайриқонунӣ гирифта шуда бошад, он бекор карда мешавад – қонуни нав чунин имконро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин бояд мансабдоронеро, ки аз ин имкон фоида ба даст овардаанд, зиндонӣ кард”, – хулоса кард Сергей Миронов.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend