logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шумораи захмиёни Қирғизистон дар муноқишаҳои марзӣ ба 103 нафар расид

Тоҷикистон ҳоло расман эълон накардааст

Your tj

09:5817.09.2022

Шумораи захмиёни Қирғизистон дар муноқишаҳои марзӣ ба 103 нафар расид

Қирғизистон шумораи нави захмиёни муноқишаҳои марзиро эълон кард. Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар то соати 9:00 - и субҳи 17 - уми сентябр шумораи умумии захмиёни даргириҳо ба 103 нафар расидааст. 

Шаби гузашта расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки дар задухӯрдҳо 24 нафар кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шудаанд. Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аксари қурбониён низомӣ ҳастанд, зеро аҳолии осоишта саривақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар марз танҳо низомиён боқӣ мондаанд.

Гуфта мешавад, ки 136 ҳазор аҳолии наздимарзии вилояти Бодканди Қирғизистон эвакуатсия шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз шумораи дақиқи захмиён ва қурбониёни муноқишаро хабар надодааст. Шоҳидон аз ҷойҳои даргирӣ  аз кушта шудани чандин низомӣ ва сокинони осоишта хабар доданд.

Шаби гузашта "Азия плюс" бо нақл аз сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки сарҳадбонони қирғиз ба мошини Ёрии таъҷилӣ ҳамла кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла чор нафар - духтур, ронанда ва ду бемор ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи нишондоди манбаъ низомиёни қирғиз ба мошини Ёрии таъҷилие, ки захмиёнро ба беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара интиқол медод, аз гулӯлаҳои дастӣ оташ кушодаанд.

Ёдовар мешавем ки субҳи 16 - уми сентябр марзбонони Қирғизистон бе ягон огоҳӣ ба деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон оташ кушоданд. Ҷониби Тоҷикистон низ дар ҷавоб аз силоҳҳои оташфишон истифода бурд.

Дар авҷи даргириҳо Тоҷикистон ду маротиба пешниҳоди якҷонибаи оташбас кард. Баъди нисфирӯзӣ ҷонибҳо бо сардории раисони КДАМ - и Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрда оташбас эълон карданд. Президентҳои ду кишвар низ дар Самарқанд вазъиятро баррасӣ карда, аз ҳалли он бо роҳи гуфтушунид ҷонибдорӣ карданд. Вале шоми гузашта марзбонони қирғиз аҳдшиканӣ карда, дубора оташ кушоданд.

Хадамоти матбуотии КДАМ ҶТ иттилоъ дод, ки ин навбат Қирғизистон аз чархболҳои ҳарбӣ ва бесарнишинҳо ба таври густурда истифода бурд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

14 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ