logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шумораи қурбониёни тарма танҳо дар Хоруғ ба 13 нафар расид

12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Your tj

09:4316.02.2023

Шумораи қурбониёни тарма танҳо дар Хоруғ ба 13 нафар расид

Теъдоди қурбониёни тармаи рӯзи 15 феврал дар маҳаллаи ба номи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ ба 13 нафар расид.

«12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд», - гуфтааст Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Оқибатҳои тарма дар Хоруғ

Акс аз КҲФ

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти навшуда, 4 хона пурра, 35 хона ва 5 иншооти маишӣ қисман осеб дидаанд.

Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавкулодда ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Айни замон корҳои тоза кардани хонаҳо аз тӯдаи барф дар ҷойи ҳодиса идома доранд.

“Бегоҳии ҳамон рӯз ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки ба маросими дафни сокини 30 – солаи деҳаи Садвади ҷамоати Техарв, ки зери тарма ҷон бохта буд, мерафтанд. Худи онҳо низ зери тарма мондаанд. Ба мо муяссар шуд, ки якеро берун кунем, ҷустуҷӯи дуюмӣ идома дорад», - гуфт Юсуфӣ.

Тармафароӣ дар Хоруғ

Ӯ гуфт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии самимӣ намуда, бори дигар аз мардум даъват мекунад, ки аз сафарҳои дуру дароз, аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бинобар гармии рӯзҳои ахир ва боришот хатари фаромадани тарма дар манотиқи ғарбии ВМКБ, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи ҳавошиносон, хатари фаромадани тарма то 19 феврали соли 2023 боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои КҲФ, аз 13 то 15 феврал дар ҳудуди ВМКБ 27 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияи Ванҷ 11 хоҷагӣ, дар ноҳияи Рӯшон 335 хоҷагӣ, 10 хоҷагии ноҳияи Шуғнон, 39 хоҷагии ноҳияи Роштқалъа ва 17 хоҷагии шаҳри Хоруғ аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд. .

Дар ҳоли ҳозир ғафсии барф дар манотиқи гуногуни ВМКБ аз 20 то 120 сантиметрро ташкил медиҳад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

16 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

17 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ