Шумораи гирифторони коронавирус дар кишвар аз 12 ҳазор нафар гузашт – вазорати тандурустӣ

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бояд идома дода шаванд.

Ӯ афзуд, ки танҳо бо даъватҳо  – “биёед сармоягузорӣ бештар шавад, тиҷорат зиёд гардад” чизе ҳосил намешавад. Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки барои амалишавӣ мо бояд шароит фароҳам созем.

Ба гуфтаи Матвиенко, дар маҷмуъ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия мунтазам рушд ёфта истодааст ва зикр намуд, ки 23 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

Ӯ илова намуд, ки аз ҷониби дигар вазифаи парлумон аст, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ҳамоҳанг шаванд, то ҳадди имкон шароитҳо монанд бошанд то соҳибкорию оғози кори нав осон гардад.

Матвиенко дар охир зарбулмасали тоҷикиро зикр намуд, ки аз як даст садо намебарояд ва илова намуд, ки имрӯз дар Маскав аз ҳарду тараф дастҳо фароҳаманд ва бояд талош кард, то ҳарчи бештар садо ҳосил шавад.

Инчунин дар доираи сафари кории худ Рустами Эмомаль бо муовини ҳукумати Русия ва раиси шаҳри Маскав мулоқот анҷом додааст.

Дар Тоҷикистон 10 ҳазор кормандро ба рухсатии маҷбурӣ фиристоданд

Беш аз 9,8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо сабаби аз фаъолият бозмондани чанде аз корхонаҳо дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд. Ин шахсон бо ташаббуси маъмурияти корхона ба рухсатӣ рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, 8 ҳазор нафари онҳо (беш аз 80%) бидуни нигоҳ доштани музди меҳнат, 200 нафар бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ва рӯзи кории нопурра фаъолият доранд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Бекории пасипардагӣ (пинҳонӣ) шуғли нопуррае мебошад, ки бар асари бозмондани истеҳсолот қисме аз кормандон дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд ё бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 2 млн 417 ҳазор нафари шаҳрвандон (98%) дар соҳаи иқтисод машғули кор буда, 50,4 ҳазор кас расман мақоми бекор доранд, ки ба 2% аз шумори умумии қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Имомхатиб довталаби даври ҷумҳурявии озумуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”

Ардашер Амонов  имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи дуюм, дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи сеюм гардида, довталаби даври ҷумҳурявӣ аст.

Домулло Ардашер мегӯяд барои ширкат дар озмун аз сӯйи имомони масҷидҳои ноҳияи Шоҳмансур дар як ҷамъомад ташвиқ шудааст.

“Дар як ҷамомади Имомхатибони ноҳия маро пешниҳод намуданд, ки дар ин озмун ширкат варзам. Ман бе ягон дудилагӣ пешниҳодро қабул намудам. Чун мактаби миёна ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудам. Баъдан Донишгоҳи аграриро низ бо муваффақият хатм кардам. Дар баробари дониши динӣ – исломӣ доштан, аз дониши дунявӣ низ огаҳ ҳастам. Чун, аз даврони хурдӣ китобҳои зиёд мутолаа мекардам ва ғазалу рубоиҳоро низ зиёд медонам”,  – мегӯяд ин имомхатиб.

Сардухтури “қаҳрамон”-и барканоршудаи вилояти Суғдро баргардониданд

Ба Собирҷон Собиров, сардухтури пешини беморхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар давраи сару садоҳои коронавирус розӣ нашуда буд пеш аз омадани намояндаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт беморони илтиҳоби шушро рухсат кунад, мансаби нав додаанд.

обирҷон Собиров сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои  вилояти Суғд таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод.

Ин беморхона тозабунёд буда, гуфта мешавад, бо маблағи 6 миллион сомонӣ моҳи сентябри соли равон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. Бемористон дорои 200 кати табобатӣ мебошад, ки дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир имкон дорад, 40 намуди ҷарроҳӣ гузаронида шавад.

Исми Собирҷон Собиров замоне расонаӣ гардид, ки моҳи  майи соли равон ҳангоми боздиди эҳтимолии намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз беморхонаи  мазкур,  аз вазифа барканор шуд  ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна сару садоҳо гардид.

Вазири тандурустӣ шахсан кори муассисаҳои тиббиро месанҷад

Минбаъд вазир дар ҳамаи муассисаҳои тибби кишвар шахсан санҷиш мегузаронад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

“Рӯзҳои охир ӯ аз таваллудхонаҳо боздид намуд. Пас аз кор ва дар рӯзҳои истироҳат вазир бо фаъолияти яке аз беморхонаҳо шинос мешавад. Вазир ният дорад, ки шахсан аз ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар боздид намояд, то ки бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардида, мушкилоти мавҷударо ҳал кунад. Ҳамчунин ӯ ба ҳамаи роҳбарони бахши тандурустӣ дастур дод, ки омодагии беморхонаҳоро ба мавсими зимистон зери назорат дошта бошанд”, – изҳор дошт сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан вазир аз муассисаҳои тиббии Кӯлоб боздид намуда, аз рӯйи натиҷаҳои сафар масъалаи таъминот бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

37 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 25-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 37 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 12008 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 86 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11395 нафар баробар шуд.

Skip to toolbar