Оқибатҳои заминларза дар Тоҷикистон

Шумораи биноҳои аз заминларза харобгашта дар шимоли Тоҷикистон ба 318 адад расид

318 хона бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон осеб дидааст. Аз ин шумора чортоаш пурра ва 53 хона қисман хароб шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар додаанд.

Аз шумораи умумии биноҳои харобшуда, ки бештарашон дар деҳаи Палдорак мебошанд. Дар ин ҷо 165 иншоот, аз ҷумла 4 хона пурра, 37 бино қисман ва 124 бинои дигар осеби сабук дидаанд.

Тибқи хулосаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, биноҳои истиқоматии харобшуда ва иншооти ёрирасон бидуни риояи қоидаҳои сохтмон сохта шудаанд.

“Ҳамаи биноҳои харобшуда дар нимҳамворӣ ва теппаҳо ҷойгир буда, таҳкурсӣ надоштанд. Девору чӯбу тахтаашон фарсуда ва муҳлати истифодаашон ба охир расида буд”, – иттилоъ медиҳад КҲФ.

Зикр мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда ба ҳалокат расидаанд.

Қаблан ба осебдидагони зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сокинони ноҳияи Мастчоҳи Суғд кӯмак расонда буданд.

23 марти соли 2023 дар кишвар ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Аввалин ҳодиса соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 6 – 7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Заминларзаи дуввум дар умқи 40 километр соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ сабт шуд.

Худи ҳамон рӯз таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт.

Skip to toolbar