fbpx

“Шуғли меросӣ”. Чӣ тавр зане дар Истаравшан пиллапарварӣ мекунад

Ба холаи Марям ду келин ва шавҳараш Санавбаров Аҳмад дар пиллапарварӣ кӯмак мерасонанд.


0

Марям Санавбарова ҳамасола ҳамроҳии ду келинаш пилла парвариш мекунад. Ӯ ҳам замоне ҳамроҳи хушдоманаш ба кирмакпарврӣ машғул мешуд ва имрӯз ба шуғли дӯстдоштаи ин хонавода табдил ёфтааст. Қаҳрамони мо таҷрибаи қариб 40-сола дорад ва баҳри рушди ин соҳа заҳмат мекашад.  

Муаллифи Your.tj бо Марям Санавбарова дар бораи парвариши кирмак, роҳҳои рушд ва аз нав ривоҷ додани соҳаи пиллапарварӣ суҳбат кард.

“Кирмакпарварӣ бароям васият, мерос ва амонат аст!”

Марям Санавбарова 63 сол дорад. Ӯ зодаи деҳаи Варсиқи ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан аст. Қаҳрамони мо солҳост, ки пиллапарварӣ мекунад. Нозукиҳои ин соҳаро ӯ аз хушдоманаш Адолат Санавбарова омӯхтааст.

Ба Адолат Санавбарова дар замони шӯравӣ барои аз нақша зиёд супоридани пилла ду мошини сабукрав туҳфа карда будаанд.

“Хушдоманам аъзои вакилони халқи шаҳр буданд. Бо вуҷуди ин ҳамасола ба кирмакпарварӣ машғул мешуданд. Ба хушдоманам дар ин кор кӯмак мерасонидам. Дар ду-се мавсим тарзи парвариши кирмакро пурра омӯхтам.

Хушдоманам доимо мегуфтанд, ки “келин акнун давомдиҳандаи ин ҳунар шумоед, то замоне қувват доред ин пешаро тарк накунед”. Мана, то имрӯз  бетанаффус ба парвариши кирмак машғулам. Кирмакпарварӣ бароям васият, мерос ва амонат аст”,- иброз дошт пиллапарвар.

Марям Санавбарова мегӯяд, ҳарчанд дар аввал аз кирмак ҳарос дошт вале имрӯзҳо пиллапарварӣ ба як шуғли дӯстдоштааш табдил ёфтааст.

Алҳол ду келин ва 9 духтари холаи Марям аз уҳдаи парвариши пилла ба хубӣ мебароянд. Духтари хурдияш се сол мешавад, ки мустақилона ба ин пеша машғул аст.

Тарзи парвариши кирмак

Мавсими пилла аз охири моҳи апрел то охири моҳи май идома меёбад. Давоми 25-30 рӯз кирмакҳо пурра пилла омода мекунанд. Бино ба гуфти Марям Санавбарова то тайёр шуданаш кирмакҳо чор маротиба хоб мекунанд.

Хоби аввал якуним-ду рӯз, хоби дуввум се рӯз,  хоби сеюм ҳафт рӯз ва хоби охирон, ки “хоби ноз” мегӯянд 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.

“Тухми кирмак монанди мӯрча майда мешавад. Онро дар қутичаҳои махсус меоранд. Кирмакро нахуст рӯйи қоғаз паҳн карда, дар як шабонарӯз 6-7 маротиба барги тути резакардашуда медиҳанд. Камтар, ки калон шуд яктогӣ барг мегузоранд ва кирмакҳои ба барг часпидаро боз паҳн мекунанд.

Ҳамин тавр шохчаҳои хурд ва сипас шохҳои калони дарахти тутро мегузоранд. Бояд ин ҳамаро хеле эҳтиёткорона иҷро кард то ба кирмакҳо осебе нарасад. Агар кирмакпарвар бо меҳр парасторӣ кунад, аз кирмакҳо пиллаи хуб гирифтан мумкин”,- таъкид кард Марям Санавбарова.

Ӯ афзуд, дар давоми парвариш кирмакҳо 15-16 маротиба пӯст иваз намуда, дар охир барои худ аз тӯр қасаба (хонае, ки кирмак бо тӯр метанад) омода мекунанд. Дар ин вақт рӯйи шохҳои тут коғаз ё шувоқ мегузоранд. Кирмакҳо дар қоғазу шувоқ қасаба карда, ба пилла табдил меёбанд.

Ба гуфтаи Марям Санавбарова, кирмакҳо корхонаи табиии хурде мебошанд, ки дар он пилла истеҳсол мешавад. Ин корхонаҳо мавсимӣ буда, ин муддат ҳарчи бештар пиллапарварон ба парвариши кирмак машғул шаванд.

Нозукиҳои кирмакпарварӣ

Кирмакпарварӣ ҳам чун соҳаҳои дигари кишоварзӣ нозукиҳои ба худ хос дорад. Масалан, ҳангоми ғизо додан аз кирмакпарвар эҳтиёткориву ҳушёрӣ талаб карда мешавад. Ба гуфтаи Марямхола агар кирмак барги тути заҳрнок, ё уфунаткарда хӯрад бемор шуда, барги хӯрдаашро қай мекунад. Рангаш ҳам заъфарон мегардад.

“Кирмакпарвар бояд ба ҳамаи ин аҳамият диҳад. Боре хушдоманам вақти бемор ва зард шудани ранги кирмак ба онҳо зардоб (оби зардраги ҷурғот) пошида испанд дуд карда буданд. Сипас кирмакҳо аз нав ривоҷ ёфтанд.

Ё вақти омода шудани пилла онро дарҳол аз қоғазу шувоқҳо гирифта тоза кардан лозим. Агар пилларо дар вақташ насупоред аз дохили пилла шапаракҳо шикоф карда мебароянд. Аз чунин пиллаҳо абрешим истеҳсол карда намешавад”, – қайд кард ҳамсуҳбати мо.

Бонуи кирмакпарвар мегӯяд, пилла хусусияти шифобахшӣ ҳам дорад. Онро аз қадим ба дандони газакгирифта мегузоштанд. Пилла хунукии милкҳоро гирифта дардро таскин мебахшад.

Аз кирмак танҳо пилла мемонад?

Кирмакпарварӣ аз қадим яке аз соҳаҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Зеро пиллапарвар дар 25-30 рӯзи мавсим дар баробари пилла ҳезум ва поруи хубе ба даст меорад. Ба гуфти пиллапарвари моҳир поруро даруни чуқурӣ гӯр карда, болояшро мепӯшанд, то фасли баҳор он ба беҳтарин нурии кимиёвӣ табдил меёбад.

“Парвариши пилла як кори шавқовар аст. Вақте вориди пиллахона мешавам соатҳо намебароям. Ҳаракат ва рӯз аз рӯз калон шудани ин ҷонваракони хурд ба инсон завқ мебахшад. Ҳамасола мавсими пилларо интизорӣ мекашам. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҳукумат ба соҳаи пиллапарварӣ хеле зиёд аст. Зеро аз пилла абрешими босифат омода гардида аз абрешим бошад матоъҳои хушсифат истеҳсол мешавад”,- таъкид намуд ӯ.

Марям Санавбарова барои ғизои кирмак 400 бех дарахти тут дорад. Ӯ дар масъалаи дастрасӣ ба барг мушкилӣ надорад. Зеро аз ҷамоат то ҳукумати шаҳр барои дастрасӣ ба барги тут барояш мусоидат мекунанд.

Роҳҳои рушди пиллапарварӣ

Марям Санавбарова мегӯяд, барои рушди соҳаи пиллапарварӣ бояд кирмакпарварони навкор бештар ҳавасманд гардонида шаванд. Ба онҳо барои сохтани пиллахонаҳои махсус кӯмак намоянд. Дар баъзе маврид кирмакҳо, ки агар нағз инкишоф ёбанд барои онҳо макони парвариш намерасад.

“Чанд бор кирмакҳо нағз афзоиш ёфтанд. Хонаҳои худамон барои нигоҳубин нарасид. Ҳамсояамон, ки нав омада буд дар ду хона, таҳхона ва ошдонхонаву айвонаш кирмакҳоро парвариш кардем. Кирмакҳои ҳосили хуб доданд. Барои ҳамин агар барои пилла ҷойи васеи махсус бошад ҳосили фаровони пилларо ба даст овардан мумкин”,- мегӯяд мутахассиси пилла.

Марям Санавбарова то 400-500 кг пилла супоридааст. Ӯ ҳатто солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ин пешаро тарк накарда васияти хушдоманро ба ҷо овардааст.

Қаҳрамони мо соҳиби 15 фарзанд (11 нафарашон дар қайди ҳаёт) буда, ҳамагӣ аз уҳдаи парвариши пилла ба хубӣ мебароянд. Ба холаи Марям ду келин ва шавҳараш Санавбаров Аҳмад кӯмак мерасонанд.

Марямхола барои саҳм гузоштан дар ҳифз ва рушду нумӯи соҳаи пиллапарварӣ борҳо бо сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида шудааст.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend