Шокирҷон Ҳакимовро ҳам дастгир кардаанд

Радиои Озодӣ аз боздошт шудани Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин расона менависад, наздиконаш аз суҳбат дар ин бора худдорӣ кардаанд, аммо ба иттилои як манбаъ, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуда, дигар ба хона барнагаштааст.

Эҳтимол меравад, ӯро ба мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба даъват карда бошанд.

Манбаи Радои Озодӣ гуфтааст, Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба парвандаи раиси пешини ҲДТ ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуда, дар ИВС ё Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомот ҳам то кунун дар ин бора расман хабар надодаанд.

Озодӣ менависад, ба гуфтаи чандин нафар Шокирҷон Ҳакимов натавонистааст дар маросими дафни модараш рӯзи 16-уми июл ширкат кунад. Ҳамчунин аз 7-уми июл ба ин сӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол нест ва тақрибан аз он вақт телефонаш хомӯш аст.

Шокирҷон Ҳакимов 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда ва соли 1983 мактаби таҳсилоти умумии №1-и ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаро хатм кардааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи нерӯҳои ҳавоии собиқ Шӯравӣ дар Шарқи Дур хизмат намудааст.

Баъдан дар факултети механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсилро идома додааст.

Шокирҷон Ҳакимов 4 сол аспиранти Инситути фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ва 4 соли дигар докторанти Инситути давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамчунин 3 сол ҳамчун коромӯз ва муҳаққиқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва кор кардааст.

Муаллифи 3 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ, 7 монография ва 1 китоби дарсӣ барои хонандагони мактабҳои миёна мебошад.

Аз лаҳзаи таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 2002 узви ҳизб ва баъдан муовини раиси ҲСДТ аст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Skip to toolbar