Шоираи муштзан. Чӣ тавр тоҷикдухтар бо ҳиҷоб ба ринг мебарояд

Шоира Зулкайнароваро қисми зиёди тоҷикистониён мешиносанд. Ӯ яке аз муштзандухтарони номӣ, устоди варзиши дараҷаи байнамиллалӣ мебошад. Ба наздикӣ президенти кишвар дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Хуросон майдончаи варзишии ба номи Шоира Зулқайнароваро кушода ба истифода дод.

Муаллифи Your.tj бо Шоира оиди чӣ гуна варзишгар шуданашу дар сабқатҳо бо ҳиҷоб баромад намуданаш, суҳбат кард.

“Хулиганка” ҳиҷоппӯш шуд

Шоира, мудати се сол аст, ки дар сабқатҳо бо ҳиҷоб ширкат мекунад. Ӯ бо ин кораш, мехоҳад, ки барои дигар духтарони ба бокс майлу рағбат дошта намунаи ибрат бошад.

Шоира пас аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар Русия ба хулосае меояд, ки ҳиҷоб бипӯшад. Пеш аз ин ӯ либосҳои аврупоӣ ба бар мекарду, ба қавли худаш “хулиганка” буд.

“Соли 2019 дар шаҳри Улан-Удэи Русия Чемпионати ҷаҳон доир шуд. Дар ин мусобиқа президенти байналхалқии AIBA иҷозат дод, ки духтарони мусалмон бо ҳиҷоб ба майдон бароянд.

Он ҷо аксари духтарон, ки мусалмон буданд бо ҳиҷоб ба ринг баромада буданд. Он рӯз ба худ суол дода будам: “Ман ҳам ҳам мусулмонам. Чаро бе ҳиҷоб ба майдон бароям?”.

Баъди чемпионат китоби “Мусульманка” -ро гирифта хондам. Дар Ояти Нур омадааст, ки мусулмон, бояд бе ҳиҷоб набояд берун барояд. Аз ҳамон рӯз сар карда, ҳиҷоб пӯшидам. Пештар ба қавле “хулиганка” будам” – нақл мекунад, Шоира.

Эркаи хонадон

Шоира дар оилаи калон ба дунё омадааст. Ӯ аз ҳама фарзанди хурдӣ ва эркаи хонадон буд. Падару модар намегузоштанд, ки ӯ ба коре даст занад, 7 бародару 2 апааш ӯро бо меҳру навозиш калон кардаанд.

“Вақте синфи 2 мехондам апаҳоям ба шавҳар баромаданд. Дар хона ягона духтар мондам. Падару модар ва бародарон ҳамаи хоҳишамро бечуну чаро иҷро мекарданд. Акаҳоям ҳар ҷое мерафтанд, маро ҳамроҳ мебурданд.

Бо онҳо гашта, кам – кам шӯху нотарс мешудам. Дар мактаби деҳаамон низ бо варзиш машғул мешудам. То синфи 8 мактаби деҳаи Фахрободро хондам. Баъдан думболи орзуҳои кӯдакӣ ба мактаби шаҳр рафтам”, – нақл мекунад, Шоира.

“Бародаронам маро ба варзиш оварданд”

Шоира дар 14-15 солагӣ хеле қад мекашад. Бародарон ба ӯ мегӯянд, ки ба ягон намуди варзиш машғул шавад. Гарчанде, ки ӯ духтари деҳотӣ буд, бародаронаш дар пешравии ӯ монеъ намешуданд. Маҳз онҳо ӯро водор карданд, ки варзишгар шавад.

“Акаҳоям мехостанд, ки ба каратэ равам, то вақте танҳо мегардам аз ӯҳдаи ҳимояи худ бароям. Баъдан ба варзиши муҳорибаҳои тан ба тан, ки машқҳо дар толори мактаби №35 – и шаҳри Душанбе доир мешуд, рафтам.

Мураббиҳои аввалинам Собир Каримов ва Матлуба Каримова буданд. Баъд аз чанде ба он толор муаллими бокс, Ҷамшед Султонов омад. Наздаш ба шогирдӣ истодам, чун бокс диққатамро бештар ҷалб карду, ошиқаш шудам. ”, – ба ёд овард, Шоира.

Ҷанг бо бачаҳои “беодоб” ва бокси касбӣ

Шоира мегӯяд, ки дар кӯча ҷанг карданро дӯст намедорад. Аммо дар баъзе маврид ӯ қаҳру ғазаби худро фурӯ нишонда наметавонад. Аслан, барои ба бокси касбӣ рафтани Шоира ҳодисаи нохуше сабаб мешавад.

“Вақте дар кӯча аз даҳони бачаҳои беодоб нисбат ба худ ҳақорату дашном мешунавидам, тоқат карда наметавонистам. Рӯзе бо як дугонаам дар кӯча бо 4 нафар писарҳо, ки аз афту андомашон маълум буд, ки бекоргарданд, рӯ ба рӯ шудем.

Онҳо ба мо натанҳо гап, балки модарҳоямонро низ дашном доданд. Ман ва дугонаам ба ин чашм пӯшида натавонистем. Бо он 4 нафари бедаҳон, ки худро “мард” ҳисобида бо мо духтарон сар ба сар шуданд, занозанӣ кардем.

Ба сару гардан ва шикаму дигар ҷойҳои онҳо хеле мушту лағади обдор фуровардем. Онҳо низ ба рӯйи мо чанд мушт заданд. Дар чашмонамон “синяк”- ҳои калон пайдо шуд. Пас аз ин ҳодиса ба бокси касбӣ рӯй овардам”, – қисса кард, Шоира.

Шоира мегӯяд, ки маҳз бо дастгирии хонавода ва мураббиёнаш дар роҳи интихобкардааш муваффақ шудааст.

Акс аз хадамоти матбуоти президент

Таъсиси Маркази варзишии “Шоира Зулкайнарова”

Шоира мегӯяд, ки имсол баъди омадан аз Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Дубай доир шуд, туҳфаи ғайринтизоре насибаш гардид. Ба номи ӯ дар зодгоҳаш майдончаи варзишӣ сохтанд. Шоира дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм шуду бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуд.

“Падарам варзишро хеле дӯст медоранд. Ҳар рӯз ба варзиш машғул мешаванд. Он кас бо акаҳоям хостанд, ки толор кушоянд. Соли гузашта сохтмонро оғоз карда буданд, фикр ҳам накарда будам, ки марказро ба номи ман мемонанд.

Бо ҳузури президент кушода шудани онро ҳатто тасаввур намекардам. Падару бародаронам 2 ҳафта пеш аз кушодашавӣ ба ман гуфтанд: “Толорро ба номи ту мемонем. Бигзор, номи он “Маҷмааи варзишии Шоира Зулкайнарова” шавад. Ман ба ҳайрат афтодам, вале хеле худро хушбахт ҳис кардам”, – хурсандона мегӯяд, Шоира.

Акс аз хадамоти матбуоти президент

Нобоварии мураббӣ ва ғолибияти Шоира

Шоира мағлубиятро намешиносад, ӯ пайваста дар талош асту ба сабқатҳо бомсъулиятона омода мешавад. Ӯ ба худ боварӣ дорад. Соли 2019 Шоира дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Қирғизистон иштирок кард, ду ҳарифи худро мағлуб намуд, аммо барои пирӯз омадан ба ҳарифи сеюмаш касе боварӣ надошт.

“Мураббии ҳамонвақтаам гуфт, “ту мағлуб мешавӣ”, чун ҳарифам хеле муштзани моҳир буд. Ман гуфтам, “на, виҷдони варзишиам намегузорад, агар мағлуб шавам ҳам ман ба ринг мебароям”. Мураббиам истодагарӣ мекард, ки чизу чораамро ҷамъ кунаму ба ватан баргардем. Ман баромадам ва ғолиб шудам”, – ба хотир меорад Шоира.

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, агар варзишгар дар мусобиқае мағлуб шавад, ин гуноҳи худи ӯст, чун маълум мешавад, ки кам тамрин кардааст.

“Ба духтароне, ки орзуи муштзан шудан доранд, гуфтаниям, ки аз мушт хӯрдану мағлуб шудан наҳаросанд. Мағлубият одамро барои ба сӯйи ғолибият рафтан, омода мекунад”, – бовар дорад, Шоира.

Шоира барои ҳифз карда тавонистани худ ба олами муштзанӣ ворид шуд. Муҳаббат ба ин намуди варзиш ӯро то мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бурд.

Айни замон Шоира дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи декабр дар шаҳри Истанбул доир мешавад, омодагӣ дида истодааст.

Ҷоизаҳо

Шоира, ҷоизадори чемпионати ҷумҳуриявии Тоҷикистон 2015-2021, ҷоизадори президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 2015-2021, чемпиони Осиё миёни донишҷӯён – 2016, ҷоизадори чемпионати ҷаҳон миёни донишҷӯён – 2014, ҷоизадори ҷоми ҷаҳон 2015-2016- 2018-2019 ва чемпиони 8-каратаи Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar