Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:2006.02.2025
Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оғохони V, писари калонии Карим Оқохони IV, имоми 50-уми исмолиёни ҷаҳон эълон шуд. Дафтари имомати исмоилӣ 5-уми феврал навишт, ки Шоҳзода Раҳим бо васияти падараш роҳбари нави исмоилиён шуд.
Раҳим Оғохони V, писари калонии Карим Оғохони IV буда, 54 сол дорад ва 12 октябри соли 1971 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омадааст. Соҳиби 2 фарзанд аст.
Ӯ таҳсилоти миёнаро дар Академияи Филлипси шаҳри Андовери иёлати Массачусетс (1990) гирифта, риштаи адабиётшиносии муқоисавии Донишгоҳи Браун дар Род-Айленди ИМА-ро соли 1995 хатм кардааст.
Шоҳзода Раҳим то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Бунёди рушди Оғохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин бунёдро ба уҳда доштааст.
Карим Оғохони IV шаби 4-уми феврал дар шаҳри Лиссабони Португалия дар синни 88 солагӣ вафот кард. Ӯ 68 сол роҳбари рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон буд, ки дар Тоҷикистон низ парвони зиёд дорад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳоло дар дунё пайравони исмоилия ҳудуди 15 миллион нафар мебошанд, ки асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва қисме дар Африқо зиндагӣ мекунанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад