fbpx

Ширкати “Уральские авиалинии” фурӯхта шудани 2 билет ба 1 ҷойро шарҳ дод

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс: Скриншот аз видео

Додситони Панҷ барои афсари муттаҳам дар марги милиса 5-сол зиндон хост

Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро ба 5 соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар марги ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, афсари милисае, гунаҳкор дониста мешавад, ки рузи 7-уми феврал дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Мақомот гуфтанд, Насим Амирзода аз рӯи иттиҳоми “куштор аз беэҳтиётӣ” дар додгоҳ посух мегӯяд. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтаанд “ба одилона сурат гирифтани мурофиаи додгоҳӣ бовар доранд”.

Намояндаи “Уральские авиалинии” фурӯхта шудани 2 билет ба 1 ҷойро шарҳ дод

Рӯзи 1 май як гурӯҳ мусофирони ширкати «Уральские авиалинии»-ро ба парвоз роҳ надоданд, ки ба ин хатсайр дар даст билет доштанд. Мусофирон изҳор доштанд, ки ба ҷойи онҳо тамоман шахсони дигар парвоз карданд.

Директори намояндагии «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон Умед Лолаев дар мусоҳибааш ба “Азия-Плюс” дар шарҳи ин воқеа гуфтаст, ки дар низоми кори фурӯши онҳо, ки дафтари кории асосиаш дар шаҳри Екатеринбург воқеъ аст, нуқсонҳо пайдо шуданд. Аз ин рӯ, билетҳо дубора фурӯхта шуданд. “Лекин мо ин мусофиронро фавран ба дигар хатсайрҳо равон кардем ё пули билетҳояшонро баргардонида, аз онҳо узр пурсидем”, – гуфтааст Лолаев.

Ӯ гуфтааст, айни замон ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, гунаҳкорон ҳатман ҷазо мегиранд, чунки одамон нороҳат шуда, ин ба обрӯи ширкат таъсир мерасонад. “Тибқи ҳисобу китоби мо, 11-то танҳо дар Душанбе. Дар хатсайри Хуҷанд низ чунин ҳолат ба вуҷуд омада, он ҷо 4 нафар мусофир буд”, – иброз доштааст ӯ.

Ёрии миллионии соҳибкорони Ворух ба қурбониёни зарардидаҳои даргириҳои марзӣ

Соҳибкорони бурунмарзии ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба хонаводаҳои қурбониён ва хисоротдидаи даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва як соҳибкори дигар ба таври ҷудогона 510 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол кардаанд.

Умдатан инҳо  соҳибкороне будаанд, ки  дар шаҳрҳои Русия бо тиҷорат машғуланд.

Бино ба иттилоии Зубайдулло Шомадов, масъули дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара, ин соҳибкорон дар замони хуруҷи коронавирус низ 1,5 миллион сомонӣ маблағ барои харидорӣ, овардани доруворию таҷҳизоти тиббӣ, таъмири беморхонаи деҳа, сохтмони ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҷомашуихона фиристода буданд.

“Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”-

Ба гуфтиаи ӯ инчунин рӯзе пеш, 6-уми май як соҳибкори Ворух Сорбон Савриддинов аз Русия ба 19 хонаводаи қурбониёни муноқишаи марзӣ, ки аз Чоркӯҳу Ворух, Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд 510 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ интиқол додааст.

Чанд рӯз пештар низ Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида буд ва ба 87 захмии ин даргириҳо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ёрии моли расонида шудааст.

Баъди таркиш дар НФС-и Душанбе ВКД дар саросари кишвар санҷиш мегузаронад

Пас аз сӯхтор ва сипас таркиши рӯзи 1 май дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи “Испечак-2”-и пойтахт Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ санҷиш мегузаронад.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ санҷида мешавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни санҷиши НФС «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки дар ин нуқта ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад.

Ҳамин гуна қоидавайронкуниҳо дар 3 НФС дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ошкор шуда, соҳибмулкони он ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

Зикр мегардад, ки санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

ВКД маълумоти расонаҳои Қирғизистон дар мавриди ихроҷи қирғизҳо аз Тоҷикистонро рад кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистонро дар бораи истирдоди қирғизҳои этникӣ, ки дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунанд, рад кард.

Вазорат маълумоти дар сомонаҳои Қирғизистон нашршударо нодуруст ва ғайривоқеӣ унвон кард.

“Далелҳои дар маълумоти ВАО-и Қирғизистон зикршуда асоси воқеӣ надоранд. Дар ноҳияи Лахш ҳақиқатан ҳам қирғизҳои этникии дорои ду шаҳрвандӣ иқомат доранд. Ин падидаи маъмулӣ аст. Аммо ягон хел ҳолати шадидтар кардани назорати шиносномавӣ ва ихроҷ (истирдод)-и шаҳрвандон вуҷуд надорад”, – изҳор доштанд дар маркази матбуоти ВКД-и кишвар.

ВКД Тоҷикистон аз намояндагони ВАО дархост намуд, ки “аз мушкилтар кардани вазъияти бе ин ҳам шиддатнок худдорӣ варзида, хабарҳои нодурусту носанҷидаро нашр накунанд”.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Қирғизистон менависанд, ки Тоҷикистон ба истирдоди сокинони ноҳияи Лахши дорои шиносномаи Қирғизистон оғоз кардааст.

Комроншоҳ низ дар мусобиқаи ҷудо “Kazan Grand Slam 2021” ноком шуд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Kazan Grand Slam 2021” дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон рақобатҳои худро бебарор анҷом доданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май -Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар аввалин рақобаташ аз Санширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи мазкур қаблан Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров – ҳарду дар вазни то 60 кило, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев – ҳарду дар вазни то 66 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило шикаст хӯрда буданд.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил буданд, дар ин мусобиқа ноком шуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend