fbpx

Ширкати сохтмонии Бег Сабур то кунун мушкили биноҳои саохтаашро ҳал накардааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Строительство в Душанбе жилых домов
Яке аз биноҳои ширкати сохтмонии марбут ба Бег Сабур дар маҳаллаи Зарафшон Акс аз Азия-Плюс

Қариб ними ҷубронипулии амонатгузорони “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” пардохта шудааст

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад.

Ба иттилои сомонаи расмии Хазина, ҳудуди 37% пасандоздорони “Агроинвестбонк” то рӯзи душанбеи ҳафтаи равон аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии ба онҳо муқарраршударо гирифтаанд.

Аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 160 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ, ки 37 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Барои хизматрасонӣ ба пасадоздорони “Агроинвестбонк” 71 воҳиди “Амонатбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.

Гуфта мешавад, аз 23 июн то 6 июл 55% аз маблағи умумии ҷубронпулии суғуртавӣ ба пасандоздорони дигар бонки барҳамёфта – “Тоҷиксодиротбонк” пардохта шудааст.

Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, низоми ҷамъ кардани пул барои таъмир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷой надорад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иддао дар бораи ҷамъ кардани пул аз муҳассилин барои таъмири макотибро рад намуд. Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд.

Ба гуфтаи вазир, нисбати шикоятҳо дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост. Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Вазир афзуд, ки агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст.

Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.

“Ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир рехтаанд”. Парванда ҳаст, ҷузъиёт нест

Ба зидди як сокини вилояти Суғд бо гуноҳи такроран “ба дарёи Сир (Сайҳун) партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Фурқат Хоҷазода, додситони Суғд, гуфт, Н.Дӯстматов пештар бо айни иттиҳом ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд. Мавқеи Дӯстматов ба қазия маълум нест.

Додситони Суғд рӯзи 16-уми июл гуфт, ин шахс сесад хукро дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариш мекунад. Дарёи Сир низ аз байни шаҳри Хуҷанд ва наздикии Деҳмой мегузарад.

“Ахлоту пешоби хук боис ба гирифтор шудани одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад”, — гуфт Фурқат Хоҷазода.

Ба иттилои мақомот, ба зидди Н.Дӯстматов бар асоси моддаи 226, қисми яки Кодеси ҷиноӣ, “ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминӣ ё зеризаминӣ”, парванда кушодаанд. Ин банди қонун “аз 140 то 240 соат кори ҳатмӣ, ҷарима ё то ду сол маҳрумӣ аз озодӣ”-ро дар назар дорад.

Ширкати сохтмонии Бег Сабур то кунун мушкили биноҳои саохтаашро ҳал накардааст

Ширкати сохтмонии “Комил-2010”, ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст. Ин нуктаро Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор кард.

Ин дар ҳолест, ки Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро тамом кунаду иҷозатномаи сохтмонашро бигирем. Ҳамчунин Зувайдзода гуфта буд, ки ширкати “Комил -2010”-ро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди “рӯйхати сиёҳ” кардааст.

Ҳоло раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ мегӯяд, ки ” дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд”.

Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфта буд, ки “шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур “Комил-2010” ва “Ниагара” сохтаанд, зиёд аст.

Вазири маориф баҳси маршировкаро хасакӣ номид

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳои ахир дар бораи маршировкаи донишҷӯён посух дод ва баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасакӣ” номид.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи маршировка он қадар баҳсе ба миён омадааст, ки “гӯё дар Тоҷикистон ягон мушкилоти дигар набошад.”

“Ин қадар мушкиле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, касе намешунавад. Бачаҳо омада машқ мекунад меравад, пагоҳӣ мераванд футбол бозӣ мекунанд. Пеши роҳи ӯро ҳам бигирем? Як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс, на ба низоми таълимӣ халал намерасонад, берун аз дарс аст. Ба сатҳи маърифати мову шумо ҳамин чиз мувофиқ нест”,- гуфт Имомзода.

Аммо Вазири маориф гуфт, ба хотири таҷлили ҷашни Истиқлолият ин чиз зарур аст. Маҳмадюсуф Имомзода аз карнавалҳо дар кишварҳои амрикоӣ ҷанубӣ мисол овард, ки дар он даҳҳо нафар ширкат мекунанд.

Мақомот дар Тоҷикистон 15 ҳазор донишҷӯйи донишгоҳҳои пойтахтро барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ва намоишномаҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб кардаанд.

Дар минтақаи Кӯлоб алайҳи милисаҳо 7 парвандаи ҷиноӣ бо гумони ришваситонӣ боз шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 5 корманди Шуъбаи корҳои дохилии минтақавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

Сардори шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия генерал-майори адлия Ҷамшед Гулмаҳмадзода изҳор дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нисбати кормандони милитсия барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз ҷумла ӯ аз сарваколатдори гурӯҳи махсус дар РКД Кӯлоб Зафар Икромов ном бурд, ки нисбати ӯ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

“Икромов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ дастгир шуд”, – гуфт Гулмаҳмадзода.

Ғайр аз ин, нисбати корманди фаврии ШКД ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Умед Ҳомидов барои гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва муфаттиши ШКД ноҳияи Фархор Нуриддин Неъматов низ барои порагирӣ (ҷузъиёташ шарҳ дода нашуд) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Нисбат ба Ҷумъахон Сафаров, корманди мизи шиносномадиҳии ШКД ноҳияи Муъминобод ва Малик Ҳамидов, корманди мизи шиносномадиҳии Кӯлоб барои камомади молиявӣ парвандаҳо боз шуданд”, – Гуфт Глмаҳмадзода.

Ёди Раҳмон аз ҳалокати 148 марзбони Тоҷикистон: фаромӯш намешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи ҳифзи марзу бум 148 хизматчии нерӯҳои марзбонӣ ҷони худро аз даст дод.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар суҳбат бо хизматчиёни отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” гуфт, мардуму давлат марзбононеро, ки ҷонашонро қурбон карданд, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

“Барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд”, – изҳор дошт раисиҷумҳур зимни суҳбат аз ҷонфидоиҳои сарҳадбонон дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки то имрӯз 105 нафари хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҷасорату далерӣ ҳангоми ҳимояи сарҳадот бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ӯ аз масъулияти бузурги марзбонони тоҷик гуфта, таъкид намуд, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend