fbpx

Ширкати Бег Сабур дар рӯйхати сиёҳи шаҳрдорист. Ба ӯ дигар иҷозат барои сохтмон намедиҳад

Ширкатҳои Бег Сабур ҳанӯз соли гузашата бор супориши Рустами Эмомалӣ ба рӯйхати сиёҳ дохил карда шуда буданд.


0
Акс аз сомонаи Азия плюс

Раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Зувайдзода, имрӯз 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки ширкати сохтмонии “Комил – 2010”, ки моли раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур аст, то ҳол  камбудиҳои се бинои худро, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ислоҳ накардааст.

“Дар ҳоли ҳозир комиссия ба таври шабонарӯзӣ рафти  бартараф кардани камбудиҳоро дар сохтмонҳо назорат карда истодааст. Ҳоло ширкати “Комил – 2010” норасоиҳои танҳо як бинояшро дар маҳаллаи “Зарафшон” баратарф карда, барои қабул ба комиссияи давлатӣ пешниҳод намудаст. Мо мунтазири хулосаҳои комиссия ҳастем”, – гуфт Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфти Зувайдзода, дар қабул кардан ё накардани бино танҳо комиссия тасмим мегирад, ки он  ҳоло маълум нест. Ҳамчунин ин ширкатро таъкид кардаанд, ки мушкилоту камбудиҳои  биноҳои дигарашро, ки то ҳол аз ҷониби  комиссия  қабул нашудааст, бартараф кунад.

Раиси кумита, гуфт, ки ширкати “Комил-2010” то ҳол дар рӯйхати сиёҳ аст ва ба ӯ дигар барои сохтмон иҷозат намедиҳанд.

Мавриди биноҳои сохтаи ширкати Бег Сабур аз ҷониби мардум шикоятҳо зиёданд ва ҳама сола ин мушкилӣ дар нишасти хабарии  Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Соли гузашта низ Маҳмадсаид Зувайдзода гуфта буд, ки “Ширкатҳои Бег Сабур, “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад. Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend