Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби ҳавопаймои нави Boeing 737 MAX 8 гардид

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ҳавопаймои нави навъи Boeing 737 MAX 8 пурра гардид. Маросими тантанавии истиқболи ҳавопаймои нав 3 августи соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

Ворид гардидани ҳавопаймои нав марҳилаи навбатии татбиқи барномаи навсозии парки ҳавопаймоии ширкат буда, саҳми муҳим дар рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Татбиқи лоиҳаҳои навсозии парки ҳавопаймоӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар, тавсеаи алоқаи байналмилалии ҳавоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ равона шудааст.

Ба ҳавопаймои нав номи Абӯалӣ ибни Сино — донишманд, файласуф ва табиби барҷаста, яке аз бузургтарин намояндагони афкори илмии тоҷикону форс дода шуд, ки осори ӯ ба рушди тиб, фалсафа ва илмҳои табиии ҷаҳон таъсири бузург расонидааст.

Ҳавопаймои Boeing 737 MAX 8 барои интиқоли 174 мусофир пешбинӣ гардида, дорои 12 ҷойи синфи бизнес ва 162 ҷойи синфи иқтисодӣ мебошад. Ҳавопаймо бо муҳаррикҳои насли нави CFM International LEAP-1B ва таҷҳизоти муосири авиатсионӣ муҷаҳҳаз буда, бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, масофаи бештари парвоз, мутобиқат ба талаботи экологӣ ва сатҳи баланди роҳат барои мусофирон фарқ мекунад.

То охири моҳи августи соли 2026 ворид гардидани ҳавопаймои дуюми Boeing 737 MAX 8 дар назар аст, ки ба он номи поягузори адабиёти классикии тоҷикону форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дода мешавад. Харидории ду ҳавопаймои муосири Boeing 737 MAX 8 марҳилаи нави татбиқи стратегияи дарозмуддати ширкати «Сомон Эйр»-ро оид ба тавсеа ва навсозии пайвастаи парки ҳавопаймоӣ оғоз мебахшад.

Дар маросими тантанавӣ роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати дипломатии муқими кишвар, ноиби калони президенти ширкати Boeing Пол Ридҷи, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони корхонаҳои соҳаи авиатсия, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зимни суханронии худ чунин иброз дошт:

«Рӯйдоди имрӯза на танҳо барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», балки барои тамоми соҳаи авиатсияи кишвари мо аҳаммияти хос дорад. Ба шарофати таваҷҷуҳу дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат инфрасохтори нақлиёт пайваста рушд намуда, соҳаи авиатсия муосир мегардад ва барои тавсеаи минбаъдаи шабакаи хатсайрҳо ва рушди ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад».

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ фаъолияти муваффақона дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Шабакаи хатсайрҳои ширкат парвозҳоро ба Федератсияи Россия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бар мегирад.

Дар айни замон парки ҳавопаймоии ширкати «Сомон Эйр» аз ҳафт ҳавопаймои навъи Boeing 737-800, Boeing 737-900 ва Boeing 737 MAX 8 иборат мебошад.

Skip to toolbar