Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:0004.03.2022
Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, хабар додааст ширкат дар саҳифаи телеграмии худ.
Ин ширкат мегӯяд, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад.
"Бо назардошти вазъи баамаломада, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, - қайд мекунад ширкат.
Ширкати инчунин ба мусофирон шарҳ медиҳад, ки дар сурати лағви парвозҳо чӣ кор кунанд.
“- Ширкат Шуморо қатъи хатсайр огоҳ мекунад
Агар чипта дар авиакассаҳо ё дар сомонаҳои дигар харидорӣ шуда бошад, ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат медиҳад, ки барои баргардонидани маблағ бояд ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоед.
Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст.
Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз анҷом медод, аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва дигар шаҳрҳо.
723 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад