fbpx

Ширин Амонзода оиди мардикорзанҳо: ”Агар онҳо кор кардан нахоҳанд – ин интихоби худи онҳост”

Дар иттилоияи солонаи вазорат омадааст, ки дар соли 2021 ба мақомоти меҳнат 106 ҳазору 262 нафар ҳамчун корҷӯй муроҷиат кардаанд.


0

Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфт ки пас аз вохӯрӣ бо занҳои мардикор, вазорат чандин маротиба ба онҳо ҷойҳои корӣ пешниҳод кардааст, вале онҳо нахостаанд.

Мардикории занҳо дар Тоҷикистон чанд соли охир масъалаи доғ аст. Пас аз нашри як филми ҳуҷҷати дар бораи занҳои мардикори шаҳри Бохтар бо номи “Мардикор”, вазири меҳнат вокуниш нишон дода, шахсан бо онҳо аз наздик вохӯрда буд.

Вазир ваъда дода буд, ки ин занҳоро бо ҷои кор таъмин мекунад ва ин бозор аз байн бурда мешавад. Аммо, он ҳамоно пойбарҷост ва занҳо аз бекорӣ шикоят доранд.

Ширин Амонзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш, имрӯз,9-уми феврал гуфт, ки вазорат ба ин занҳо чандин маротиба ҷойҳои корӣ пешниҳод кардааст, аммо онҳо нахостаанд, ки кор кунанд.

“Мо байни маҳз ҳамин корҷӯён дар ҳама минтақаҳои кишвар тариқи зерсохторҳои вазорат корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ҷойҳои кории холӣ, гузаронида будем. Мо ба ноҳияи Данғара сафарӣ корӣ доштем ва маълум гашт, ки танҳо дар як корхонаи саноатии ин ноҳия наздики 500 ҷойи кори холӣ мавҷуд аст.

Як рӯз пас аз сафар, хабари ҷойҳои кориро намояндагони вазорат ба ин корҷӯён (мардикорзанҳо, – аз идора) бо пешниҳоди таъмини тамоми шароитҳои корӣ, ҷойи зист ва хӯроки гарм, расониданд. Ин ки як нафар хоҳиши кор кардан дорад ё на интихоб аз худашон аст. Мо бо ҳамин чандин маротиба ба онҳо ҷойҳои корӣ пешниҳод кардем”, – гуфт, Ширин Амонзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш.

Вазири меҳнат гуфт, ки вазорат лоиҳаеро барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии бекор роҳандозӣ намудааст, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд  маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи ин лоиҳа барои аҳолии минтақаҳо хусусан, мардикорҳо Марказҳои рушди малака таъсис дода мешаванд, ки тамоми мардуми бекорро ба омӯзиши касбу ҳунар фаро мегиранд ва сипас онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд.

Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Роғун ва ноҳияҳои Восеъ, Данғара дар зарфи як сол сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба гуфти Амонзода дар умум дар минтақаҳои кишвар 11 бозорҳои ғайрирасмии мардикорон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд вуҷуд доранд. Аммо аз гуфтани шумораи умумии мардикорҳо худдорӣ намуд.

Ҳамчунин вазир нагуфт, ки дар умум дар ҷумҳурӣ чӣ қадар мардум бекоранд. Дар иттилоъияи солонаи вазорат омадааст, ки дар соли 2021 ба мақомоти меҳнат 106 ҳазору 262 нафар ҳамчун корҷӯй муроҷиат кардаанд.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend