fbpx

“Шикор”- и муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия оғоз мешавад. Муҳлати авфи ба муҳоҷирон дода ба охир мерасад

Пас аз 30-юми сентябр Русия ба ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз мекунад.


-1
-1 points
Акс аз РИА Новости

Моратория ё авф барои муҳоҷирони дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур дошта 30-уми сентябр ба анҷом мерасад. То ин замон муҳоҷирон имкон доштанд, ки будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд. Мақомоти ин кишвар қасд дорад, ки пас аз анҷоми муҳлати пешбинишуда, муҳоҷирони ғайриқонуниро пайи ҳам аз қаламрави Русия ихроҷ кунад.

Ин на танҳо ба дорандагони патент, балки ба онҳое низ дахл дорад, ки муҳлати иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи зисташон(вид на жителство) гузаштаанд.

Ба муҳоҷироне, ки то 30-уми сентябр аз қайд нагузаштанд, хатари ихроҷ ва гирифтани ҳадди аққал 5 соли манъи вуруд ба Русия таҳдид мекунад. Ҳуқуқшиносон ба шахсони будубошашонро қонунӣ накарда тавсия медиҳанд, ки беҳтар аст, бо хоҳиши худ қаламрави Русияро тарк кунанд.

Авфи муҳоҷирон, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин ҳангоми пандемияи COVID-19 ҷорӣ шуда буд, ба охир мерасад. Дар давоми якуним сол, шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ дар Русия иқомат карда, имконият доштанд, ки бидуни оқибатҳои ҷиддӣ – ихроҷ ё гирифтани манъи вуруд, будубошашонро қонунӣ кунанд.

Қаблан нафарони ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб наовардаро дар Русия ҷарима мекарданд. Ҳангоми аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ рӯй додани якчанд қонуншиканӣ онҳоро ба муҳлати аз 3 то 10 аз Русия ихроҷ мекарданд.

“Шикори” азими муҳоҷирони ғайриқонунӣ

Замони пандемия, ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳо қариб ғайриимкон буд ва қисми зиёди муҳоҷирон ҷой кор надоштанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, барои ҳама вақт дар доираи қонун нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо дар як моҳ камаш 5 ҳазор рубли русӣ маблағ лозим аст. Чунин маблағро муҳоҷирон дар замони пандемия надоштанд, чун бекор дар хона менишастанд.

Аз ин рӯ, Русия тасмим гирифт, ки ба муҳоҷирон моратория диҳад ва то 30-уми сентябр, барои ҳуҷҷатҳои муҳлати истифодааш гузашта, ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки онҳоро ихроҷ кунад.

Каримҷон Ёров, ки солҳои зиёд дар Русия дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон кор кардааст, мутмаин нест, ки муҳлати авф тамдид карда шавад ва бовар дорад, ки пас аз 30-уми сентябр ихроҷи оммавии муҳоҷирон оғоз мешавад.

“Албатта, на ҳама “аз соя берун омаданд”. Фикр мекунам, ки бисёриҳо натавонистанд будубоши худро қонунӣ кунанд ва аз ин рӯ бо ихроҷ ва манъи вуруд дучор мешаванд. Мебоист, ки дар ин бора пештар фикр мекарданд ва дар ҳоле ки имконият буд, ҳуҷҷатҳоро ба тартиб медароварданд. Баъзеҳо хостанд, ки 5-6 ҳазор рублро сарфа кунанд, аммо ҳоло барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо дар навбатҳои тӯлонӣ истодаанд. Мутаассифона, бештари муҳоҷирон чунин мушкилиро доранд”- мегӯяд ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мутмаин аст, ки пас аз 30-уми сентябр дар Русия “шикори” азими муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз мешавад: Аз онҳо пул талаб мекунанд ё боздоштгоҳҳои махсусро аз муҳоҷирон пур мекунанд.

Қонунӣ кардан мехоҳӣ – пардохт кун

Қонунӣ кардани будубош ройгон нест. Нафари худро қонунӣ мекарда, 2 ҳазор рубл ҷарима месупорад ва сипас хароҷоти ҳуҷҷатҳоро низ пардохт мекунад. Гирифтани патент сарфи тақрибан 15 ҳазор рублро вобаста ба минтақа талаб мекунад.

Танҳо нафароне, ки муҳлати эътибори патенташон як сол гузаштааст, ҷаримаро пардохт намекунанд: онҳо метавонанд барои тамдиди патенти худ ба маркази муҳоҷират муроҷиат кунанд.

Боқимонда шаҳрвандон, хусусан онҳое, ки 5-10 сол ягон ҳуҷҷат надоштанд, бояд ҷарима супоранд ва будубошашонро қонунӣ кунанд. Агар то муҳлати муайяншуда ин корҳоро анҷом дода натавонанд, пас бояд Русияро мустақилона тарк кунанд. Агар муҳоҷир то 30-уми сентябр аз қаламрави Русия берун шавад вуруди дигарбораи ӯро ба ин кишвар манъ намекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия тавассути васоити ахбори омма ба шаҳрвандони хориҷӣ  доимо хабар медиҳад, муҳлати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои лозима барои қонунӣ дар Русия мондан ба охир мерасад.

“Барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ё тарки қаламрави Федератсияи Русия чанд рӯз боқӣ мондааст”, – мегӯянд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend