Пас аз эълони ҳукми гумонбарони парвандаи пурсарусадои “табаддулот”, ки нӯҳ нафар ба солҳои зиёд зиндонӣ шуданд, вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимова ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Суди олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд.
Ба навиштаи “Азия-Плюс” вакилони дифои ҳарду талаб кардаанд, ки суд онҳоро озод кунад.
5-уми феврали соли равон Шокирҷон Ҳакимов ба 18 соли зиндон ва бародарзодаи ӯ Рухшона Ҳакимова ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд.
Суд онҳо бо ҷурми “хиёнат ба давлат” гунаҳкор дониста буд. Аммо ба навиштаи расонаҳо ҳардуи онҳо дар мурофиаҳои судӣ иттиҳомҳои нисбаташонро рад кардаанд.
Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки бо вуҷуди эълони ҳукм ва дархости зиёд онҳо то ҳол натавонистаанд, бо падарашон мулоқот кунанд.
Вакили дифои Рухшона Ҳакимова, бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноятӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов буда, соҳиби ду кӯдаки яке 10-моҳа ва дигари 2,5 -сола мебошад.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Суди олии Тоҷикистон, ки худаш муҳокимаи судии ин парвандаро раҳбарӣ кардааст, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод ҳукмҳои гумонбарон эълон кард.
Ӯ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов барои “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (қисми дуи моддаи 189), хиёнат ба давлат такроран бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 305)” ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Шокирҷон Ҳакимови 59-сола ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буд.
Рухшона Ҳакимова барои “шарики ҷиноят (қисми якуми моддаи 36), хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 305) 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ҳукми Рухшона Ҳакимова, ки ду кӯдаки хурдсол дорад, вокуниши созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола аз соли 2013 дар як қатор расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ дар соҳаи журналистика бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.