Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 08:0305.09.2023
Сароянда ва оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Узбекистон ва Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Тошканд даргузашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Узбекистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ҳунарманд вақтҳои охир бемор буд.
Гуфта мешавад, маданият ва санъати узбек талафоти ҷиддӣ дид. Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки ба дили миллионҳо нафар роҳ ёфта буд, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 77-солагӣ даргузашт.
Шералӣ Ҷӯраев дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистонро хатм кардааст. Дар ансамбли суруд ва рақси «Шодлик», Филармонияи вилоятии Андиҷон ва Филармонияи давлатии Узбекистон кор кардааст.
Соли 1989 Узбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон филми мусиқии таърихии «Шералӣ ва Айберчин»-ро ба намоиш гузоштанд, ки дар он Ҷӯраев нақши асосиро бозидааст.
Ӯ инчунин сенариянавис ва оҳангсози филм буд. Ҷӯраев тавонист беш аз ҳазор суруд нависад ва беш аз шашсад сурудро иҷро кунад.
438 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
1 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
6 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
11 дня назад