logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

Суҳбати самимӣ дар бораи санъат, муҳоҷират, муваффақият ва муҳаббат ба Ватан - дар қисми нави «Имрӯз бо Беҳруз».

Your.tj

12:4213.10.2026

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

Соли 2011 Шавкат Тошматов, ки бисёриҳо ӯро бо номи Шавкати Аштӣ мешиносанд, ба Амрико рафт. Аммо зиндагӣ дар он ҷо танҳо аз саҳнаву суруд иборат набуд. Ӯ маҷбур шуд дар соҳаҳои дигар кор кунад, аз ҷумла ҳамчун бариста, то зиндагии худро пеш барад ва ҳамзамон аз ҳунар дур намонад.

Дар қисми нави подкасти «Имрӯз бо Беҳруз» бо Шавкати Аштӣ дар бораи зиндагии ҳунарманди тоҷик дар Амрико, мушкилоти муҳоҷират, пазмонии Ватан ва фарқи шоу-бизнеси Тоҷикистон аз Амрико суҳбат кардем.

Чаро шоу-бизнеси тоҷик то ин андоза ба тӯйҳо вобаста аст? Оё сароянда метавонад дар Амрико танҳо аз ҳисоби ҳунари худ зиндагӣ кунад? Тоҷикон дар хориҷ бештар якдигарро дастгирӣ мекунанд ё рақобат? Ва барои ба саҳнаи байналмилалӣ баромадани ҳунармандони тоҷик чӣ намерасад?
Ҳамчунин аз Шавкат пурсидем, ки Амрико ӯро чӣ гуна тағйир дод, дар ин роҳ чиро аз даст дод ва баъди ин ҳама солҳо худро бештар амрикоӣ эҳсос мекунад ё тоҷик.

Суҳбати самимӣ дар бораи санъат, муҳоҷират, муваффақият ва муҳаббат ба Ватан - дар қисми нави «Имрӯз бо Беҳруз».

Шарики расмии подкаст - ширкати ватании «Сиёма».

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

2 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ