Шарҳи сабабҳои давлатӣ шудани литсейи Оғохон

Берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он яке аз сабабҳои аслиаш будааст.


Литсейи Оғохон дар Хоруғ

Акс аз интернет

Дар шарҳи сабабҳои давлатӣ шудани литсейи Оғохон дар нишасти матбуотии Вазорати маориф Зиёдулло Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз гуфт, ки яке аз сабабҳои аслиаш берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он аст.

Ӯ қайд намуд, ки низоми таҳсилоти кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале аз ҷониби муаллимони ин литсей он сарфи назар шудааст.

“Нишондодҳои Стандарти давлатии таҳсилот аз ҷониби муаллимони ин литсей сарфи назар мешуданд. Аз ҷумла, муаллимони литсей берун аз нақшаҳои таълимӣ амал мекарданд. Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд”, – шарҳ дод муовини вазири маориф ва илм.

Ба гуфтаи Абдуллозода ҳатто баъзе аз хатмкунандагони ин литсей забони давлатиро намедонистаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки вазорат тарафдори баста шудани литсейи Оғохон нест, баръакс бо истифода аз шароити хубу замонавии он имкон ҳаст таҳсилро бо сифати беҳтар ба роҳ монд.

Чанде пеш литсейи Оғохон, ки яке аз муассисаҳои маъруфи ВМКБ дониста мешуд, давлатӣ шуд.