logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шахсе, ки ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, бо ифротгароӣ муттаҳам шудааст

Ба ӯ шоми 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла карда буд.

Your tj

12:2831.01.2025

Шахсе, ки ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, бо ифротгароӣ муттаҳам шудааст

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар хусуси ҳамлае, ки моҳи сентябри соли гузашта нисбати ӯ сурат гирифта буд, гуфт, ҳоло суд идома дорад. Ба гуфтаи муфтӣ, ҷавони дастгиршуда "пушаймон шуда", гуфтааст, ки ӯро "васвос карда" ба ин роҳ "таҳрик доданд".

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

"Давраи аввали суд даъват шуд. Ман ҳамон рӯзҳо банд будам ва намояндаи худро равон кардам",- гуфт ӯ зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин рӯзи 31-уми январ.

Абдулқодирзода афзуд, ҷавони дастгиршуда узри худро расонидааст, вале гуфт то ба ҳол бо ӯ дидор надоштааст. Ба гуфтаи ӯ, дастгиршуда аз гурӯҳи ифротгароён аст.

Ба Саидмукаррам Абдулқодирзода шоми 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла карда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ