logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

“Шаби қадр” дар Тоҷикистон шаби 26 ба 27 март аст

Мусалмонон дар “Шаби қадр” то субҳ ба ибодат машғул мешаванд.

Your tj

15:5626.03.2025

“Шаби қадр” дар Тоҷикистон шаби 26 ба 27 март аст

“Шаби қадр” ё “Лайлатулқадр”, ки барои мардуми мусалмон шаби бедорӣ ва ибодат аст, дар Тоҷикистон ба шаби 26-27 март рост меояд.

Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.

“Қуръон” - китоби муқаддас барои мусалмонон дар ин шаби муқаддас ва дар моҳи мубораки Рамазон ба пайғомбари ислом Муҳаммад (с.а.в) нозил шудааст.

"Худованд дар бораи "Шаби қадр” мефармояд:

“Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? "Шаби қадр", бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст”.

Ин сураи қуръон бо номи “Қадр” номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои Шаби қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагонаш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад”, - гуфтаанд аз Шӯрои уламо.

Мусалмонон дар “Шаби қадр” то субҳ ба ибодат машғул мешаванд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

1 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

1 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

4 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

4 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ