Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи шаҳидони даргириҳои марзӣ замин додааст. Мухтасари хабарҳои рӯз

22 нафар оварда шуд: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон чанд нафаранду чӣ ҳол доранд?

Бино ба маълумоти Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун 30 шаҳрванди Тоҷикистон барои берун шудан аз Кобул муроҷиат кардааст, ки 22 нафари онҳо рӯзи 25-уми август дар ҳамкорӣ бо Сафорати Русия дар Кобул ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Дар ин раёсат гуфтаанд, ки шаҳрвандоне, ки ҳоло дар Кобул боқӣ мондаанд ва шаҳрвандони дигаре, ки муроҷиат мекунанд, баъди дуруст кардани санадҳои зарурӣ барои сафар ,дафъаи дигар ба ватан оварда мешаванд.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар тамоси телефонии рӯзи 26-уми август ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо кор мекунанд ва дари сафорат барои ёрӣ ба ниёзмандон боз аст.

Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон низ мегӯяд, ки сафорати мо дар Кобул фаъол аст ва шаҳрвандон метавонанд барои ёрӣ муроҷиат кунанд.

Марде дар сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон бо 100 кило маводи мухаддир боздошт шуд

Рӯзи 25-уми август кормандони гузаргоҳи марзии “Сари Осиё-и вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар сарҳад бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аз қочоқи қариб 100 кило маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.

Мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz” аз ҷониби Тоҷикистон ба Ӯзбекистон равона будааст. Азиза Зокирова, намояндаи Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон гуфтааст: “Ҳангоми тафтиши бордони мошин бо ёрии сагони бӯйгир маълум карда шуд, ки дар қисмати пеши бордон дар зери фарш 93 бастаи полиэтилении рангҳояшон сабзу сурх ва зард пинҳон карда шудааст”.

Баъд аз кушодан ва ташхиси бастаҳо муайян карда шуд, ки дар 82 бастаи сабзу сурх 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи зард 11 килою 425 грам ҳашиш ҷо карда шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон қазияро шарҳ надодааст.

Имсол ҳудуди 70 ҳазор нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд

Дар соли 2021-ум 69 ҳазору 839 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар роҳ ёфтаанд, ки ин 85 фоизи довталабони ба озмун роҳёфтаро ташкил медиҳад. Дар ин бора, аз маркази матбуоти ММТ хабар доданд.

Манбаъ гуфтааст, ки шумораи қабулшудаҳо нисбат ба нақшаи қабули донишҷуён 23 ҳазору 655 нафар кам мебошад. Нақшаи қабули марказ дар соли 2021-ум 93 ҳазору 494 нафарро ташкил медод.

Имсол, 103 ҳазору 777 нафар худро тавассути ММТ ҳамчун довталаб ба қайд гирифтанд, ки аз ин 93 ҳазору 148 нафар дар имтиҳонҳо ширкат намудаанд. Шумораи довталабони ба тақсимот (озмун) роҳёфта бошад, 81 ҳазору 729 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки имсол аз шумораи умумии онҳое, ки дар имтиҳони ММТ супориданд, 11 ҳазору 890 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб нашуданд.

200 ҳазор сомонии дигар. Иззат Амонро бо даъвогарони охирин рӯбарӯ кардаанд

Иззат Амон, ҳомии дастгиршудаи муҳоҷирони тоҷикро бо ду даъвогари охирин дар боздоштгоҳи Душанбе рӯбарӯ кардаанд. Аз даъвогарон ном бурда намешавад, аммо ба иттилои вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов, баҳси онҳо бар сари дусад ҳазор сомонӣ аст. Иззат Амон эътироф кардааст,ки воқеан аз ин афрод қарздор аст.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, гуфтааст, яке аз даъвогарон дар бораи 120 ҳазор сомонӣ ва дигаре дар бораи 80 ҳазор сомонӣ қарз шикоят доштанд.

Ба иттилои пайвандони Иззат Амон, миқдори қарзи ӯ дар умум аз даъвогарон беш аз як миллион сомонӣ аст. Пештар Додситонии кул қарзи ҳомии муҳоҷиронро 630 ҳазор рубл ва ҳазор доллари амрикоӣ эълон карда буд.

Вакили мудофеи Иззат Амон мегӯяд, ҳоло мушкиле, ки пеш омадааст, масъалаи пардохти маблағи қарздорон аст. Дар айни замон иҳори умед кард, ки “бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.”

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз Русия ихроҷ шуд.

Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи шаҳидони даргириҳои марзӣ замин додааст

Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи 10 шаҳиди даргириҳои марзии рӯзҳои 28-29-уми апрел замин додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.

Манъба гуфтааст, ки ин кор бо дастури раисҷумҳур сурат гирифта, ҳадафи аслии он ҳимоят ва дилҷӯйӣ аз хонаводаҳои шаҳидон аст.

“Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз ҷамоати деҳоти Воруху 1 оила аз ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд”, – хабар медиҳад манбаъ

Тоҷикистон ба хонаводаи зарадидагон ва шаҳидони даргириҳоии марзӣ бо Қирғизистон ёриҳои фаврӣ расонид ва ба ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳо осеб дида буданд, хона сохту ҳадя кард.

Дар даргириҳои марзии ахир аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуд ва ҷониби Қирғизистон қурбониёни худро 36 нафар эълон кард.

Тоҷикистон содироти маҳсулотро қариб ду баробар зиёд кард

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 3 млрд 550 млн долларро ташкил дод, ки 44,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президент, тӯли 7 моҳи соли равон ба маблағи ҳудуди 1 млрд 333 млн доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-апрели соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар мебошад.

Дар сохтори содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо аз нисф зиёд (53%)-ро ташкил медиҳанд. Ин маҳсулот ба маблағи умумии 709 млн доллар содир карда шудааст, ки 2,3 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Воридоту молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи 2 млрд 218 млн доллар сурат гиифтааст, ки 27% зиёдтар дар муқоиса бо 7 моҳи соли гузашта мебошад.

Афзоиши ҳаҷми воридот асосан аз ҳисоби зиёдшавии воридоти мошин ва таҷҳизот ба андозаи 2,1 баробар ба вуҷуд омадааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария мебошад, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо ин кишвар ба наздики 723 млн доллар баробар шудааст.

Президенти Тоҷикистон ба Фаронса сафар мекунад

Қасри президенти Фаронса гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои як сафар ба Париж даъват кардаанд. ТАСС бо такя ба қасри Елисеи Париж менависад, ки ин сафар 13 октябр баргузор мешавад ва Раҳмон ба Париж бо даъвати президенти Фаронса Эммануэл Макрон сафар хоҳад кард. Дар хабар омадааст, ки Макрон ва Раҳмон бо ҳам телефонӣ сӯҳбат карданд ва дар поёни ин сӯҳбат раҳбари Фаронса ҳамтои тоҷикашро ба Париж даъват намуд.

Мавзӯи аслии сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон рӯзи чоршанбе вазъ дар Афғонистон буд.

Оқои Раҳмон дар суҳбат бо Макрон гуфтааст, “амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст. Имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ (башарӣ) қарор дорад”.

Миробҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсими об дар деҳаҳои наздисарҳадӣ созиш кардаанд

Миробҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар мавриди тақсим ва истифодаи обҳои минтақа бо якдигар мувофиқа кардаанд. Ин созиш дар мулоқот миёни мақомоти обёрии ду ноҳияи ҳамсарҳад ҳафтаи гузашта дар Исфара ба даст омадааст.

Мақомоти ҳар ду тараф ҳар сол бар сари тақсими об бо ҳамдигар созиш мебанданд ва ба сурати умум риоя мекунанд. Имсол дар пайи низои мусаллаҳона дар Маркази тақсими оби “Головной”, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ баҷо гузошт, миробҳо истифода аз оби наҳру ҷӯйборҳои худро барои ҳамсояҳо манъ карда буданд.

Деҳаҳои бо ноҳияи Бодканд ҳаммарзи Исфара, аз ҷумла ҷамоати Чоркӯҳ, аз Торткӯли Қирғизистон об мегиранд. Ҳамзамон ҳафт рӯду наҳр ва ҷӯйбори Исфара заминҳои ноҳияи Бодкандро шодоб мекунанд.

Мувофиқи санади солҳои 1980-1982, обёрии тақрибан ҳашт ҳазор гектар замини кишоварзии Қирғизистон ва зиёда аз 21 ҳазор гектар замини Тоҷикистон аз дарёи Исфара муайян карда шудааст.

Ҳоло дар поёни мавсими кишоварзӣ нав шудани тавофуқи истифодаи якҷоя аз обҳои минтақа байни Исфараву Бодканд сокинонро ба дубора сабз шудани боғу киштзорҳояшон хушбин кардааст.

Тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар марзи ду кишвар ҳамасола барои замин, барои обу роҳ ва чарогоҳ байни сокинони наздимарзӣ ҷанҷол сар мезанад.

Skip to toolbar