fbpx

Шаҳрдории Душанбе: “Маршировка идома дорад, ҳоло дастур барои қатъаш нагирифтаем”

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Далер Назаров ҳам ба коронавирус сироят шудааст

Оҳангсоз ва овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров ба коронавирус гирифтор шудааст. Як хеши ӯ ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки “овозхон худро хуб ҳис карда, дар хонааш муолиҷа мегирад”.

“Маълум нест, ки аз куҷо сироят гирифтааст, чунки пеш аз бемор шуданаш ба Хуҷанд ва сипас ба Бадахшон рафта буд”, – гуфт манбаъ. Аз маълумот додан дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуда, акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Шаҳрдории Душанбе: “Маршировка идома дорад, аммо шумораи ширкаткунандаҳоро кам кардем”

Дар шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ки тамрини раҳпаймоӣ ё худ “маршировка”-и донишҷӯён ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо шумораи кам идома дошта, онҳо дар бораи боздоштани он ҳоло дастур нагирифтаанд.

“Маршировка дар пойтахт ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолият бо шумори кам идома дорад. Айни замон дар он зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён (қаблан 15 ҳазор зикр шуда буд – Идора) иштирок доранд. Дар он ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ риоя мешавад. Ҳар рӯз ба донишҷӯён бепул маҳлули антисептикӣ ва ниқоб дода шуда, онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд”, – гуфтааст, Нуралӣ Шоҳиён, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои раҳпаймоӣ ҳар рӯз аз соати 6 то 10-и субҳ дар дар якчанд қисмати шаҳр мегузаранд. Донишҷӯён дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, варзишгоҳи “Локомотив”, майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигар ҷойҳо машқу тамрин мекунанд.

Номбурда зикр кардааст, ки ҳоло ба онҳо дар бораи боздоштани машқу тамринҳо дастур нарасидааст. Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён бо итминон изҳор дошт, ки донишҷӯён масофаи иҷтимоӣ ва реҷаи ниқобпӯширо риоя мекунанд.

Раҳмон бо Ғанӣ дар бораи фирори сарбозон ва вазъ дар марз суҳбат карданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар бораи ақибнишинии низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ӯ рӯзи 4-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои афғони худ вазъ дар кишвари ҳамсояро ташвишовар хондааст.

Рӯзи 3-уми июл беш аз 300 сарбозу афсари афғон аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Аз ин пеш, дар бораи ақибнишинии беш аз 150 сарбози дигари афғон ба хоки Тоҷикистон хабар дода буданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад ва аз талошҳои сулҳ дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Президенти кишвар ҳамчунин вазъи Афғонистонро бо роҳбарони Қазоқистону Ӯзбекистон низ дар суҳбати телефонӣ баррасӣ кардааст.

Муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон даргузашт

Генерал-майор Саидамир Розиқзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар сини 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд. Мақомот дар бораи сабабҳои марги ӯ то ба ҳол расман иттилое надодаанд.

Нусратшоҳ Ҳусейнзода, яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода субҳи 5-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “генерал-майор Саидамир Розиқзода ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бегоҳии дирӯз аз бемории коронавирус даргузашт”.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5-уми июл дар ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) баргузор мешавад. Саидамир Розиқзода бознишаста буд.

Мусофиронро дар нимаи роҳ фароварда, 7 рӯз ҳабс шуд

Пас аз ирсоли навори видео аз ҷониби мусофирон кормандони милитсияи пойтахт пулчинак ё худ кондуктори гнақлиёти ҷамъиятиро боздошт намуданд        .

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсаиӯти ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ нисбати мусофирон дағалгуфторӣ намуда, онҳоро дар нимаи роҳ аз автомашина мефарорад.

Дар навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки як ҷавон, пулчинаки микроавтобуси №55 (33) “Мерседес-Спринтер” дағалона мусофиронро аз автомашина мефарорад.

Кормандони милитсия муайян карданд, ки “қаҳрамон”-и навор  сокини 26-солаи шаҳри Душанбе Аъзам Одинаев мебошад. Бо қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ӯ 7 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуда, акнун ин муддат ба кори ҷамъиятӣ, аз ҷумла шустани фарш машғул мешавад.

Писари Бег Сабур ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтааст

Сиёвуш Зуҳуров, писари раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур дар намуди бокс ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтааст. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки Сиёвуш Зуҳуров 11-умин варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи Токио роҳхат мегирад.

Ба қавли манбаъ, “Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд. ”

Сиёвуш Зуҳуров 28-сола дорад ва соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend