Шаҳрдорӣ: Дар интернет саҳифаҳои фейкӣ аз номи Рустами Эмомалӣ пайдо шудаанд. Ба онҳо бовар накунед

Ин саҳифаҳо дар Facebook, Instagram, Telegram ва ғайра пайдо шудаанд.


Скриншот аз саҳифаи қалбакии Рустами Эмомалӣ дар шабакаи иҷтимоӣ

Шаҳрдории Душанбе аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дода, аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба онҳо бовар накунанд.  

Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра боз шудаанд, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд.

“Аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.

Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj, дар фейсбук: @DUSHANBECAPITAL,  дар Инстаграм:  dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед”, – омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Ҳамзамон шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дорад ё не.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2018 низ шаҳрдорӣ аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ аз номи Рустами Эмомалӣ мардумро огоҳ карда гуфта буд, ки онҳо дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи ошкор кардани аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад таъсис додани саҳифаи раиси пойтахт дар Фейсбук мебошанд.

Он замон дар мақомоти шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алҳол саҳифаи худро надорад.