Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Шаҳрдорӣ: Дар интернет саҳифаҳои фейкӣ аз номи Рустами Эмомалӣ пайдо шудаанд. Ба онҳо бовар накунед
Дата публикации: 08:5802.08.2022
Шаҳрдории Душанбе аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дода, аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба онҳо бовар накунанд.
Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра боз шудаанд, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд.
“Аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.
Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [email protected], Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе [email protected], сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj, дар фейсбук: @DUSHANBECAPITAL, дар Инстаграм: dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ҳамзамон шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дорад ё не.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2018 низ шаҳрдорӣ аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ аз номи Рустами Эмомалӣ мардумро огоҳ карда гуфта буд, ки онҳо дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи ошкор кардани аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад таъсис додани саҳифаи раиси пойтахт дар Фейсбук мебошанд.
Он замон дар мақомоти шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алҳол саҳифаи худро надорад.
532 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
7 часов назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад