fbpx

Шӯрои уламо: Иди Қурбон дар Тоҷикистон таҷлил мешавад

Тибқи қарори Шӯрои уламо намози ид бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.


-1
-1 points
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Новобаста аз вазъияти ба амал омада дар кишвар рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ   Иди Қурбон таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои ҷумҳурӣ соати 6:30 баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Афшин Муқим дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

“Мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯзи 20 июли соли 2021 таҷлил карда шавад.

Вақти баргузории намози иди саиди Қурбон соати 6:30 дақиқа муайян карда шавад”, – омадааст, дар қарори расмии, Шӯрои уламо.

Мувофиқи қарор намози ид бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.

“Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону кӯдакон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкорӣ дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд”, – таъкид шудааст, дар қарор.

Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки соли гузашта бинобар сабаби пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.

Моҳи майи соли ҷорӣ бошад, пас аз беҳтар шудани вазъияти вобаста ба бемории коронавирус дар кишвар намози Иди Рамазон, гузоша шуд. Аммо мақомот баъд аз шаш моҳи бекоронавирусӣ санаи 21-уми июн аз хурӯҷи дигарбораи он дар кишвар хабар доданд.

Ҷашну идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад. Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз тақвими мелодӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
4
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend