fbpx

“Сел хонаамро шуст”. Оқибати офати табиӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


0
сель в Джаббор Расулове, апрель 2023 год
Оқибатҳои сел дар н. Ҷаббор Расулов

Гулҳаё ба тоза кардани ҳавлиаш аз гилу лой ва ҷамъу гирди ашёи хонааш машғул аст. Мисли даҳҳо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов сел ба манзили зисти ӯ низ зада даромад.

Тибқи иттилои КҲФ, бегоҳии 2-юми апрел, дар натиҷаи борони пуршиддат дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд сел омад. Аз ҷумла дар деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷ. Расулов.

Сел роҳҳои маҳаллӣ, заминҳои кишт, таҳхона ва манзили зисти бархе аз сокинонро бо лойоба пур кард. Дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Сокинон ҳоло бо тоза кардани биноҳо ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ машғуланд. Ба онҳо наздикону пайвандонашон кӯмак мерасонанд.

Масъулони КҲФ дар вилояти Суғд ба ҳисоб кардани зарари аз сел расида дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Бӯстон ва Ҷ. Расулов машғуланд.

Ба иттилои ин ниҳод боришоти шадид, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии кишвар то 7–уми апрел идома ёфта, хавфи баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ ва омадани сел дар пайи он вуҷуд дорад.

Солеҳ Нуралӣ барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend