fbpx

Сел дар ноҳияи Панҷ. КҲФ ба ҷойи ҳодиса рафт

Сел дар ду деҳаи ноҳияи Панҷ ба амал омад.


0
Сел дар Тоҷикистон
Акси марбута аз хазина

Дар натиҷаи боришоти шадид тахминан соатҳои 1:30 дақиқаи рӯзи 4 – уми апрел дар чанд деҳаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омад. Дар натиҷа чанд таҳхона, заминҳои наздиҳавлигии сокинон ва заминҳои корам зери об монд.

Рӯзи 4-уми апрел, тахминан соатҳои 1:30 дақиқа дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддини Кабуди ноҳияи Панҷ бар асари боришоти шадид сел омад. Дар натиҷа таҳхонаҳо, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва заминҳои корами ҷамоат зери об монданд, менависад дафтари матбуотии КҲФ.

Умеда Юсуфӣ, котиби матбуотии кумита мегӯяд, бо мақсади таъмини бехатарӣ аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонавода, ки дар наздикии селроҳа қарор доштанд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Барои ташкили кор оид ба рафъи окибатхои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сардории ҷонишини раиси кумита С. Исозода ба ноҳияи Панҷ рафт. Ҳамчунин, дар ноҳия комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.

“Барои расонидани кӯмак ба зарардидагон ва рафъи оқибатҳои сел ба минтақа нерӯву воситаҳои зарурӣ сафарбар карда шуданд,- гуфт Умеда Юсуфӣ.

Дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарарро ҳисоб мекунад. Қурбониҳо ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудааст”,- афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан КҲФ аз эҳтимоли омадани сел дар манотиқи кишвар бар асари боришоти шадид хабар дода, шаҳрвандонро ба ҳушёрӣ даъват карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend