Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:5610.04.2025
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз омадани сел дар пайи боронҳои пуршиддати шабонарӯзи гузашта дар чанд шаҳру ноҳия хабар медиҳад.
Ба иттилои ниҳод, хатари сел, ярч ва тарма то 11-уми апрел дар кишвар боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Душанбе, шаби 10-уми апрел, таҳхонаҳои се манзили сокинони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ зери об мондаанд.
Ду қитъаи замини хусусии сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор зери об мондааст.
Дар деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон қисман зери об мондааст.
Баландшавии сатҳи оби дарёи Гурбок дар ноҳияи Сангвор боиси зери об мондани боғи як сокини деҳаи Тавилдара гардид.
Дар чанд нуқтаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ноҳияи Рӯшон сел омад. Ҳамчунин, дар шоҳроҳи Рӯшон–Бартанг (километрҳои 50 то 55) 13 сел ба қайд гирифта шудааст. Дар деҳоти Дерӯшону Барӯшон таҳхонаҳои шаш бинои истиқоматӣ зери об мондаанд.
Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон сел сабаби баста шудани роҳҳои асосӣ гардид.
Ба ттилои КҲФ, дар ҳоли ҳозир талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо ҷалби техникаи зарурӣ, корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад