Ҳангома Доробшоева, рӯзноманигори тоҷики зодаи Бадахшон, бори сеюм аст, ки тариқи барномаи кори мавсимӣ ба Британияи Кабир рафтааст. Ин тасмими ӯ ба хотири беҳбуди шароити зиндагӣ, корҳои таъмири хона ва таҳсили беҳтари фарзандон будааст. Масъулияти рӯзгор ва нигоҳубини фарзандон бошад, бар дӯши шавҳараш будааст.
Ӯ дар суҳбат ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ тавр дар пешбурди рӯзгори оилааш тавассути кор дар муҳоҷират саҳм мегузорад.
Аз орзуҳои бузург то қадам ба амалисозии онҳо
Ҳангома зодаи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ бо ҳамсараш дер боз орзуи соҳиби манзил шудан дар шаҳрро мекарданд.
Пас аз чанд соли зиндагии оилавӣ, онҳо бо тасмими якҷоя ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд. Чун муҳоҷират барои аксари мардуми Тоҷикистон як роҳи маъмули дарёфти кор ва маблағи беҳтар аст.
Баъди бозгашт онҳо тасмим гирифтанд, ки ба шаҳри Душанбе кӯчанд. Бо маблағи ҷамъовардаашон дар яке аз биноҳои пойтахт хонаи дуҳуҷрадор харида, зиндагии навро оғоз намуданд.
Аммо зиндагӣ дар пойтахт бо ду фарзанд ва хароҷоти зиёд, он тавре ки интизор доштанд, осон набуд. Шавҳараш бори дигар ба муҳоҷират рафт, вале танҳо даромади ӯ барои таъмини пурраи оила кифоя намекард. Ҳангома дарк кард, ки барои ояндаи дурахшони фарзандонаш кӯшиши дучанд зарур аст.
“Ман аз кӯдакӣ одат кардаам, ки барои чизеро ба даст овардан заҳмат кашам. Ба худ гуфтам, “агар хоҳӣ фарзандонат аз ту шароити беҳтар дошта бошанд, кӯшиш кун”. Аз ҳамин сабаб, вақте дар бораи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир шунидам, гуфтам: чаро не?”,- нақл кард ӯ.
Чӣ гуна Ҳангома ба Британияи Кабир рафт?
Ҳангома, бо шавҳараш дар оғози соли 2022 дар бораи имкони кор дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир маълумот ёфтанд.
Ҳарчанд ният доштанд якҷо раванд, барнома танҳо як нафари онҳоро қабул кард.
Дар Тоҷикистон чанд созмон ва агентии боэътимод вуҷуд доранд, ки ба шаҳрвандон дар раванди супоридани ҳуҷҷатҳо, омодасозӣ ба мусоҳиба ва ҳамоҳангӣ бо корфармоёни хориҷӣ кӯмак мекунанд.
Аз ҷумла, Хадамоти муҳоҷират ва Маркази машварат ва омӯзиши муҳоҷирон пеш аз сафар дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ниҳодҳои расмие ҳастанд, ки ҳамкории мустақим бо корфармоёни Британия доранд.
Сомонаҳои расмие, ки дар онҳо худро барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир номнависӣ кардан мумкин аст, инҳоянд:
- www.fruitfuljobs.com
- www.pro-force.co.uk
- www.concordia.org.uk
- www.hopslaboursolutions.com
- www.ethero.co.uk
Инчунин шарикон ва платформаҳое низ ҳастанд, ки барои ҷалби коргарони мавсимӣ аз кишварҳои ИДМ фаъолият мекунанд. Вале бояд эҳтиёт кард, чун қаллобоне зиёданд, ки бо пешниҳодҳои бардурӯғ мардумро фиреб дода, маблағ ба даст меоранд. Шаҳрвандон бояд танҳо тавассути манбаъҳои расмӣ дархост супоранд.
“Мо бо шавҳарам бисёр ҷустуҷӯ кардем, эълону рекламаҳои зиёде буданд, вале ба ҳама бовар карда намешуд. Ниҳоят, тавассути як шиносамон дар бораи Fruitfuljobs & Osrodek-HR маълумот гирифтем. Ба онҳо дархост фиристодем. Вале танҳо дархости маро қабул карданд. Баъди гирифтани посух, ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, барои мусоҳиба тайёр шудам”,- нақл кард Ҳангома.
Ӯ гуфт, зиёд мехост бо шавҳараш якҷо равад, вале чунин имконият нашуд.
“Баъд мо маслиҳат карда, масъулияти пешбурди тамоми рӯзгор ва нигоҳубини фарзандонро ба ӯҳдаи ҳамсарам мондем. Ман ба Британияи Кабир сафар кардам”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Барномаи кори мавсимӣ нафаронеро, ки дар сафари аввал бе қонуншиканӣ ва босифат кор мекунанд, дар мавсимҳои оянда ҳам ба кор даъват мекунад ва чунин имконият медиҳад, ки ин нафарон метавонанд бо худ яке аз наздиконашонро баранд.
Вале, ба гуфтаи Ҳангома, пас аз чанд ҳодисаи нохуш акнун танҳо нафароне даъват мешаванд, ки дар ҳамон маротибаи аввал бо риояи шартнома ва босифат кор кардаанд.
Аз ин рӯ, дигар имконият нашуд, ки дар даъвати дуюму сеюм ӯ шавҳарашро бо худ барад.
“Меҳнати ҷисмонӣ кори осон нест, вале бо ҳадаф сабуктар менамояд”
Кор дар Британияи Кабир барои Ҳангома як таҷрибаи пурзаҳмат, вале дар айни замон омӯзанда буд. Ӯ дар яке аз хоҷагиҳои фермерӣ, ки ба парвариши сабзавот, бахусус карам машғул аст, ба фаъолият оғоз кард.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, кор мушкил аст: бояд ҳар рӯз то 8-10 соат хам шуда, сабзавот ҷамъоварӣ, борбардорӣ кунӣ, ҳатто дар вазъи номусоиди ҳаво ҳам.
“Вақте бори аввал ба ин ҷо омадам, бароям муҳити нав бисёр душвор буд, ҳатто хостам дар моҳи сеюм корро партофта, ба ватан бозгардам. Вале медонистам, ки агар ҳоло равам дигар ин ширкат маро барои соли дигар ба кор қабул намекунад”,- ба ёд овард ӯ.
Барои Ҳангома, ки аз муҳити кӯҳсор ба иқлими серборони Британия омада буд, ҳам обуҳаво ва ҳам тарзи кор нав буданд. Вале ӯ медонист, ки танҳо бо сабр, тоқат ва иродаи қавӣ метавонад ба орзуҳои худ бирасад.
Дар басти шабона кор мекард. Кораш аз 18-и бегоҳ то 4-и субҳ давом мекард. Истирохат аз вазъи кор вобаста буд, гоҳе дар як ҳафта як рӯз, гоҳе ду-се рӯз. Дар ҳар ду-се соат танаффуси кӯтоҳ ва барои хӯроки нисфирӯзӣ тақрибан як соат вақт ҷудо мешуд.
Гарчанде кори ҷисмонӣ ба назари бисёриҳо душвор намояд ҳам, барои Ҳангома ин танҳо василаи расидан ба як мақсад буд – таъмини ояндаи фарзандонаш. Ӯ мегӯяд, вақте ки мақсад равшан аст, заҳмат ҳам сабуктар менамояд.
Кор, вақт ва музд. Британия чӣ миқдор пардохт мекунад?
Дар Британияи Кабир муҳити кор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ танзим мешавад ва ҳар як коргар хоҳ маҳаллӣ бошад, хоҳ муҳоҷир ҳаққи кор ва музди муайянро мегирад.
Ҳангома мегӯяд, ки рӯзи кории ӯ мисли аксар коргарони дигар 8 соат буд, вале вобаста ба шароити мавсим ва фаровонии ҳосил метавонад то 10 соат низ тӯл кашад. Музди кор дар Британия тибқи қонун муайян шудааст. Он дар асоси соатҳои корӣ ё иҷрои меъёр ҳисоб мешавад.
“Музд аз рӯи кори иҷрошуда ҳисоб мешуд. Дар аввал кам мегирифтам, чун суръати корро намедонистам. Баъд фаҳмидам, ки барои бештар шудани муздам бояд самараноктар кор кунам. Ончунон суръати корамро зиёд намудам, ки дар як ҳафта музди якмоҳаи дар Душанбе мегирифтаамро кор кардам. Музди минималии якрӯза аз 80 то 100 фунт аст, ки баробар ба 1000 то 1300 сомонӣ мебошад”,- гуфт Доробшоева.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, дар мавсими аввал тавонист маблағе ҷамъ кунад, ки барои ҳалли баъзе мушкилоти хонаводааш, аз ҷумла маблағи таҳсили фарзандон ва таъмири хона кофӣ буд.
“Дар рӯзҳои аввали кор, дастҳоям дард мекарданд. Намехостам аз ҳамкорон қафо монам. Дар ҳар як танаффус дар дилам мегуфтам: “Баргард ба хона”. Вале боз фикр мекардам: барои кӣ омадам? Барои фарзандонам. Барои манзили хуб. Барои таҳсили хуби писарам. Ҳамин фикрҳо маро нигоҳ доштанд. Ҳамин фикрҳо маро ҳар рӯз аз хоб бедор мекардан”,- мегӯяд Ҳангома.
Забондонӣ ва шароити зист дар муҳоҷират
Барои кор донистани забони англисӣ ҳатмӣ нест, саркорон ва роҳбарони хоҷагӣ забони русиро медонанд. Аксари муҳоҷирон ҳам аз кишварҳои пасошӯравӣ ҳастанд.
“Чун дар соҳаи журналистика дар Тоҷикистон кор мекардам, аз курсҳои омӯзишии ройгон барои рӯзноманигорон гузашта, сатҳи дониши забони англисии худро беҳтар карда будам. Бинобар ин бо корфармо бе монеа метавонам суҳбат карда, агар ягон мушкили корӣ шавад ҳал намоям”, – гуфт Ҳангома.
Шароити зист низ, ба гуфтаи Ҳангома, хуб буд. Дар як контейнери махсус бо 3-4 нафар занон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо зиндагӣ мекард. Корфармо онҳоро бо ҷойи хоб, оби гарм, дастшӯӣ, мошинаи ҷомашӯӣ ва шабакаи Wi-Fi таъмин карда буд, вале маҳсулоти хӯроквориро ҳар кас аз ҳисоби худ таъмин мекард.
“Мо байни худ маблағ ҷамъ мекунем, баъд рӯзҳои якшанбе барои харидани маҳсулотҳои ғизоӣ меравем. Омода кардани хӯрок аз рӯи навбат аст”,- нақл кард ӯ.
Ба ғайр аз ҷойи хоб, дар ферма толори варзишӣ, ҷойи нишаст, телевизор ва ҳатто майдони хурди варзишӣ низ мавҷуд аст. Ҳангома мегӯяд, ки ҳарчанд шароит “люкс” нест, вале нисбат ба муҳити кории муҳоҷират дар Русия ё хонаҳои иҷоравии серодам, сад маротиба беҳтару ботартиб аст.
“Ман ҳамеша дар ҳайрат мемонам, ки чӣ тавр ин ҷо ҳама чиз ба нақша гирифта шудааст. Ҳатто вақти танаффусро ҳам сония ба сония риоя мекунанд. Ҳеҷ кас бадрафторӣ намекунад, таҳқир намекунад, ҳамааш тибқи шартнома аст.
Барои ман, ки солҳои муҳоҷиратро дар Русия гузаронида будам, ин ҷо як ҷаҳони дигар аст. Ҳамроҳ зиндагӣ кардан бо занҳои дигар ҳам дар аввал душвор буд, вале баъдан ба ҳам одат кардем. Ҳоло мо ҳатто дӯстони хубем”,- мегӯяд Ҳангома.
Тағйирот дар зиндагии Ҳангома пас аз кори мавсимӣ дар Британияи Кабир
Пас аз шаш моҳ кори сахт ва сафар ба Британияи Кабир, ҳаёти Ҳангома ва оилааш ба куллӣ тағйир ёфт. Ӯ тавонист, ки на танҳо маблағи заруриро ҷамъ кунад, балки таҷрибаи кор дар чунин шароитро ба даст орад.
Ҳангома мегӯяд, ки дар ду мавсим, ба ҳисоби миёна аз 8 ҳазор то 14 ҳазор доллар ба даст овард, ки ин маблағ барои харидани хонаи сеҳуҷрадор дар минтақаи дилхоҳашон дар шаҳри Душанбе кӯмаки зиёде кард. Ба гуфтаи ӯ, сахтиҳои кор дар Британияи Кабир як сабақи бузург буд.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ин кор танҳо ба одамоне, ки саломатиашон хуб аст тавсия дода мешавад.
“Ҳар касе, ки мехоҳад ба кори мавсимӣ дар Британияи Кабир биёяд, бояд хуб омода бошад. Кори ҷисмонӣ сахт аст ва бо масъулият рафтор кардан ҳатмӣ аст. Агар мақсади шумо танҳо рафтан бошад, шояд чизе ба даст наоред, вале агар хоҳиши кори ҳақиқӣ дошта бошед, ман мегӯям: ин имкониятро аз даст надиҳед!”,- хулоса кард ӯ.
Ҳангома бори охир моҳи феврали соли 2025 ба Британияи Кабир барои кори мавсимӣ рафта буд ва ҳоло аз сафари сеюми қаҳрамони мо панҷ моҳ гузаштааст. Ӯ дар моҳи июл ба Тоҷикистон бармегардад.
Суман Убайдуллозода