logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Се рӯз роҳбандӣ дар Суғд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят сафар мекунад?

Дар эълони расмӣ гуфта мешавад, роҳбандӣ “бо мақсади таъмини бехатарии меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳикунанда” сурат мегирад.

Your tj

17:0817.11.2025

Се рӯз роҳбандӣ дар Суғд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят сафар мекунад?

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардаанд, ки давоми се рӯз - аз 18 то 20 ноябр чанде аз роҳҳои мошингард дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муваққатан баста мешаванд. Дар эълони расмӣ гуфта мешавад, роҳбандӣ “бо мақсади таъмини бехатарии меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳикунанда” сурат мегирад.

Гарчанде сабаби аслӣ дақиқан зикр нашудааст, "Азия-Плюс" аз эҳтимоли сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд хабар медиҳад. Чунин маҳдудиятҳо, ба гуфтаи ин расона, одатан пеш аз сафарҳои президент ҷорӣ мегарданд.

Кадом роҳҳо баста мешаванд?

18 ноябр: шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонӣ, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Хуҷанд, кӯчаҳои Исмои Сомонӣ, Гагарин, С. Айнӣ то чорроҳаи Сартуқай, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон.

19 ноябр: шаҳри Истаравшан, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, ҷамоати Сабристонва роҳи Душанбе-Чаноқ.

20-уми ноябр: шаҳри Гулситон, кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, роҳи автомобилгарди ҷамоати Исфисор ва Конибодом-Деҳмой, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон.

Вақту соати дақиқи роҳбандӣ расман эълон нашудааст. Мақомот аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки дар ин рӯзҳо аз ҳаракати беҳуда дар ин самтҳо худдорӣ намоянд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

1 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

6 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ