fbpx

Се рӯз истироҳатӣ. Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон расман эълон шуд

Намози Иди саиди Қурбон дар масоҷиди саросари кишвар соати 06:00 дақиқа муқаррар карда шудааст.


2
2 points
Идгардак дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо гузаронидани як ҷаласа рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар муаян кард. Дар ин бора  сомонаи расмии Маркази исломии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, қайд кардааст, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи шанбе 9-уми июл рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намудааст: Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи шанбе 9-уми июли соли 2022 таҷлил карда шавад. Вақти баргузоршавии намози Иди саиди қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

“Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд”, – менависад манбаъ.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июл дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатанд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend