Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2328.05.2025
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон ба анҷом расид.
Се ҷудокори тоҷик Виктория Киселева, Назиров Бинёмин ва Мадина Қурбонзода соҳиби медал шуданд, хабар медиҳад сомонаи Телевизиони “Варзиш”.
Виктория Киселева (+78 кг) медали тилоро байни ҷавонони то 21 сола ба даст овард. Дар таърихи ҷудои Тоҷикистон ин аввалин нишони тило аз Ҷоми Осиё миёни ҷавондухтарони ҷудокор мебошад.
Мадина Қурбонзода (52 кг) дар Тошканд соҳиби медали нуқраи мусобиқа шуд. Чанде пеш Мадина миёни ҷудокорони наврас медали тило ба даст оварда буд.
Бинёмин Назиров (-73 кг) дар мусобиқаи мазкур миёни ҷавонон соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 оид ба ҷудо 515 нафар (343 мард ва 172 зан) аз 8 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад