fbpx

Савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ва даргузашти генерали тоҷик: Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон як нафар аз коронавирус фавтид

Ба ҳолати 15-уми октябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 1 нафар аз бемории нави COVID-19 ҳалок ва 38 нафари дигар ба ин беморӣ мубтало гардиданд. Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 10374 нафар расида аст.

Инчунин вазорати таъкид мекунад, ки дар як шабонарӯзи охир 72 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ, шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9317  баробар гардид.

Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунад

Қарор аст, 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон баъди дигарбора интихоб шудан ба мақоми Президенти Тоҷикистон савганд ёд кунад. Ҳарчанд дар бораи рӯзи дақиқи маросими савгандёдкунии президент ҳеч манбаъи расмие то кунун хабар надодааст, вале пештар бархе манбаъҳои наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки маросими савгандёдкунии президент то охири моҳи октябр баргузор мегардад.

Ин маросим гузашти низомӣ сурат мегирад ва маросим дар Кохи Сомону Қасри Миллат баргузор мешавад.

Аз Русия ба Тоҷикистон боз 50 омӯзгори рус омаданд

Имрӯз, 15-уми октябр аз Русия ба Тоҷикистон 50 омӯзгор барои тадриси хонандаҳои тоҷик омаданд. Ин омӯзгорон дар 22 мактабҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва ноҳияи Спитамен аз фанҳои гуногун дарс хоҳанд гуфт ва ба ҳамкасбони тоҷики худ ёрии методи мерасонанд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Президент барои таҷлили зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ ба Хуҷанд рафт

Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд карор дорад. Дар давоми сафар президент бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотхо анҷом дода, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ ва барои сохтмони иншоотҳои нав санги асос гузошта бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Бозрасии автомобилии вилояти Суғд огоҳ мекунад, ки аз 15 то 17-уми октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои ҳамшафати он дар соатҳои гуногун маҳдуд ва ё пурра қатъ мегардад.

Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов аз илтиҳоби шуш даргузашт

Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

“Чанде рӯз пеш ӯ дар Маркази шаҳрии клиникии №1 ба номи Карим Аҳмедов (1-ум Советский) ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, – хабар дод як манбаъ аз беморхона. – Баъди ду рӯз бар асари бад шудани вазъи солимиаш вафот кард”.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои зиёд дар низоми прокуратура кор карда, соли 1996 дар Прокуратураи генералӣ сардори шуъбаи ташкил ва назорати кор таъин шуд. Баъдан ба ҳайси сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.

Коҳиши истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон бар асари коронавирус

Дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба андозаи 10,2% зиёд карданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин ҳаҷм нисбат ба нақшаи пешбинишуда камтар аст. Сабаби камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати кӯҳкориро Вазорат ба пандемияи коронавирус нисбат медиҳад.

Қаблан дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки тайи 5 соли охир афзоиши солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дода, солҳои наздик нигоҳ доштани афзоиш дар ҳамин сатҳ ба нақша гирифта шудааст.

Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend