Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Савдои кӯчагӣ. Чӣ мӯйсафеди 77- соларо водор кардааст, ки зери барфу борон савдо намояд
Дата публикации: 12:3316.03.2021
Савдои кӯчагӣ як аз манбаҳои даромади баъзе аз мардуми кишвар аст. Рӯз то рӯз сафи шахсоне, ки мехоҳанд ба ин кор машғул шаванд меафзояд. Имрӯз мо дар бораи мӯйсафеди 77- солае қисса мекунем, ки аз сабаби тангии рӯзгор дар ҳавои сарду боронӣ дар хиёбонҳои Душанбе ба ин намуди савдо машғул аст.
Бобои Холназар Саидови 77-сола намехоҳад ба пиронсолӣ тан диҳад ва сарбори фарзандони худ бошад, бинобар ин ба савдои кӯчагӣ машғул шуд. Ӯ аллакай 10 сол мешавад, ки ба ин кор машғул аст ва аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш мебарад. Ҳоло қаҳрамони мо соҳиби 3 духтару 3 писар ва 11 набера мебошад.
Бобои Холназар мактаби миёнаро то синфи 6 хондаву сипас аз сабаби тангии рӯзгор тарки он намудааст. Дар шаҳри Маскав хидмати ҳарбиро гузашта, пасон бо рутбаи ҳарбии сержант дар қисми низомиаш ба ҳайси роҳбари даста (командири взвод) фаъолият кардааст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон баргашта дар яке аз сохтмонҳои давлатӣ ҳамчун роҳбари дастаи бинокорон ба кор шурӯъ мекунад. Рӯзе аз беэҳтиётӣ пойи Бобои Холназар зери оҳани вазнин монда маъюб мешавад. Баъд аз ин ӯ маҷбур мешавад, ки барои худ кори мувофиқ ёбад.
“Вақте дар яке аз иншоотҳои шаҳр кор мекардем, ҳамроҳи бачаҳо як оҳани вазнинеро бардошта ба ҷое бурданӣ шудем. Ман каме беэҳтиётӣ кардам, ки поям зери он оҳан монд. Баъдан муолиҷаи зиёд кардам, то ки поям каме ҳам бошад хуб шавад. Баъд аз ин воқеа маҷбур шудам тарки кор кунам”, - нақл кард амаки Холназар.
Пас аз ин ҳодиса ба ӯ коре лозим буд, ки бисёр роҳ нагардад ва ба пояш фишор наорад. Барои ӯ ҳаёти зану мӯйсафедоне, ки дар сари кӯча нишаста донаи офтобпараст, қурут, сигор ва ғайра мефурӯхтанд аҷиб менамуд. Бинобар ин ӯ низ тасмим гирифт, ки каме аз ин маҳсулотҳо харида дар назди хонааш ба савдо машғул шавад.
“Бо ҳамин 10 сол мешавад, ки ба савдо машғулам. Арзиши моли имрӯзаам 56 сомониро ташкил медиҳад, ки пас аз пурра фурӯхтани он 20 – 30 сомонӣ фоида мегирам. Албатта кори мушкил аст, фоидааш низ зиёд нест, базӯр аробаамро мекашонам. Баъзан маҷбур мешавам, ки рӯзи барфу боронӣ низ нишаста савдо кунам, то ба хона ду нон барои хӯрдан барам”, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Бобои Холназар баъзан ба дасти нозирони минтақа меафтад ва онҳо мамнӯъ будани савдои кӯчагиро баҳона карда ӯро то милисахона мебаранд. Бинобар ин ӯ давра ба давра ҷойи савдои худро иваз мекунад.
“Як рӯз чун ҳарвақта савдо доштам, ки милисае омаду маро гирифта ба милисахона бурд. Баъдан ҳамаи пулҳоямро кашида гирифтанду сахт таъкид карданд, ки дигар дар сари роҳ савдо накунам. Агар ман ба ин кор машғул нашавам кормандони милиса ба ман нон медиҳанд? Не! Ҳамин дағалии корманди низомӣ сабаб шуду ман ҷойи “равғани”-и худро иваз кардам ва ба ин ҷойи беодам омадам”, - мегӯяд бо афсӯсу надомат бобои Холназар.
Бобои Холназар 300 сомонӣ нафақа мегирад, ки он барои рӯзгораш намерасад. Агар савдои кӯчагиаш намебуд ҳоли ӯ бад мешуд, чун бо 300 сомонӣ нафақа рӯзгорро пеш бурда наметавонад.
“300 сомонӣ нафақа мегирам, акнун тасаввур кунед, ки халтаи орд то 250 сомонӣ арзиш дорад ва ман наметавонам дар як моҳ ақаллан 1 халта орд гирам. Аз гӯшту равған умуман намегӯям, чун арзиши 1 кг гӯшт 55 сомонӣ ва 1 литр равған 20 сомонӣ аст. Намехоҳам аз зиндагиам бинолам аммо ҳақиқат чунин аст. Ҳадди ақал аз талбандагӣ дида кори ман беҳтар аст. Ҳар субҳ ҷуздони молҳоямро гирифта, бо умеди калон ба кӯча мебароям, то ки харидоре пайдо шавад”, - мегӯяд бобои Холназар.
Пандемия зиндагии бе ин ҳам камбизоатонаи бобои Холназарро бад кард. Се фарзандаш то пандемия ва баста шудани сарҳадҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафтанд ва каме ҳам бошад ба зиндагии падар кӯмак мекарданд. Онҳо ҳоло дар Тоҷикистонанд ва ҷойи кор надоранд. Ҳамаи фарзандонаш ҳуҷҷати ронандагӣ доранд, аммо мошин надоранд, то каме ҳам бошад ба таксиронӣ машғул шуда зиндагиашонро пеш баранд.
Бобо Холназар умед дорад, ки сарҳадҳо ба наздикӣ кушода мешаванду фарзандонаш ба Русия мераванд. Пас аз он каме ҳам бошад зиндагии ӯ беҳбуд меёбад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
10 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
10 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад