“Сарзаниши хусур”. Шарҳи сабаби корд задани модар ба се фарзандаш дар Қубодиён

Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиён, ки моҳи гузашта барои куштори духтари шашмоҳа ва захмӣ кардани ду писари хурдсолаш ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, сабаби даст задан ба ин ҷинояти мудҳишро шарҳ додааст.

Ҳодиса шаби 21-уми июни соли 2025 рух дода буд. Варқа Зайниддин, ёвари додситони вилояти Хатлон, ба “Азия-Плюс” гуфтааст, сабаби аслии қасди ҷони фарзандон кардани ин зан “ҷанҷоли кӯдакон ва эроди хусур” будааст.

“Рӯзи ҳодиса миёни Муҳаммад Хомитов писари Юлдуз Бозорова ва Абдулҳомит Хомитзода додари хурдсоли шавҳараш ҷанҷол мешавад. Бозорова писарашро мезанад. Хусураш, ки ин ҳолатро мебинад, ӯро сарзаниш мекунад. Бозорова дар ҳолати ғазаб кӯдаконро ба ҳуҷраи хоб мебарад, дарро мебандад ва ба онҳо ҳамла мекунад”,- гуфтааст ёвари додситон.

Ӯ афзудааст, дар ин миён Умиджон Хомитов, шавҳари Юлдуз Бозорова меояд ва зан дарро ба ӯ боз мекунад. Вале баъди аз хона баромадани шавҳар, Бозорова ба кори худ идома медиҳад.

“Бо корди қаблан овардааш аввал ба ҷисми писари калониаш Муҳаммад Хомитови 5-сола, ки хоб будааст, 5 зарба, ба тани писари дуюмаш Исо Хомитови 3-сола, ки гаҳвораи хоҳарашро меҷунбонид, 5 зарба ва ба духтарчаи шашмоҳааш Хадича Хомитова, ки дар гаҳвора хоб буд, 3 зарба зада, сипас ба шиками худ низ корд мезанад”,- нақл кардааст Варқа Зайниддин.

Яке аз кӯдакон гурехта, бобояшро садо кардааст. Хонавода бо ёрии ҳамсояҳо кӯдаконро ба беморхона бурдаанд. Табибон Муҳаммад ва Исоро наҷот доданд, аммо Хадича рӯзи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 16-уми сентябр Юлдуз Бозороваро бар асоси моддаи 104 қисми 2, бандҳои “а”, “в”, “е” (куштор бо бераҳмии махсус) гунаҳкор дониста, ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Skip to toolbar