Сарошпази машҳури турк Бурак Оздемир ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст

Чанде пеш Бурак дар шаҳри Душанбе қарор дошт.


Акс аз саҳифаи Инстаграми CZN Бурак

Ошпази маъруфи турк CZN Бурак акси худро дар бистари бемористон дар саҳифаи Instagram – аш нашр кард. Бино ба маълумотҳо Бурак ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шудааст.

Дар акс CZN Бураки 27 сола дар тан либоси кабуди беморхона ва дар сараш кӯлоҳи ҷарроҳӣ  дорад. Ӯ зери акс бо забонҳои туркӣ ва англисӣ “танҳо як озмоиши хурди муҳаббат, ин бузургтарин алоқа аст” навиштааст.

Тибқи маълумотҳои расида, ошпази машҳури шабакаҳои иҷтимоӣ ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст. Ин хабар тамоми мухлисони Буракро нигарон кард, ҳама даст ба дуо бардошта ба ӯ шифои комил мехоҳанд.

Оздемир бо таомҳои муалифии худ мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. Наворҳои таомпазии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд ва ӯро як сарошпази машҳур дар ҷаҳон карданд.

Ба ғайр аз ин Бурак дар чандин кишварҳои ҷаҳон тарабхонаҳои худро дорад. Чанд моҳ қабл дар маркази шаҳри Душанбе низ трабхонаи овозадори CZN Бурак кушода шуд. Худи Бурак дар кушодашавии он иштирок дошт ва чанд мудат барои мизоҷон хӯрок мепухт.

Бурак асосан дар Туркия ва Дубай зиндагӣ мекунад, аммо дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор пайравони худро дорад, ки усулҳои пухтупази ӯро дӯст медоранд. Ҳоло танҳо дар саҳифаи Инстаграмаш беш аз 34 миллион обуначӣ дорад.