logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сарошпази машҳури турк Бурак Оздемир ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст

Чанде пеш Бурак дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Your tj

11:5911.05.2022

Сарошпази машҳури турк Бурак Оздемир ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст

Ошпази маъруфи турк CZN Бурак акси худро дар бистари бемористон дар саҳифаи Instagram – аш нашр кард. Бино ба маълумотҳо Бурак ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шудааст.

Дар акс CZN Бураки 27 сола дар тан либоси кабуди беморхона ва дар сараш кӯлоҳи ҷарроҳӣ  дорад. Ӯ зери акс бо забонҳои туркӣ ва англисӣ “танҳо як озмоиши хурди муҳаббат, ин бузургтарин алоқа аст" навиштааст.

Тибқи маълумотҳои расида, ошпази машҳури шабакаҳои иҷтимоӣ ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст. Ин хабар тамоми мухлисони Буракро нигарон кард, ҳама даст ба дуо бардошта ба ӯ шифои комил мехоҳанд.

Оздемир бо таомҳои муалифии худ мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. Наворҳои таомпазии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд ва ӯро як сарошпази машҳур дар ҷаҳон карданд.

Ба ғайр аз ин Бурак дар чандин кишварҳои ҷаҳон тарабхонаҳои худро дорад. Чанд моҳ қабл дар маркази шаҳри Душанбе низ трабхонаи овозадори CZN Бурак кушода шуд. Худи Бурак дар кушодашавии он иштирок дошт ва чанд мудат барои мизоҷон хӯрок мепухт.

Бурак асосан дар Туркия ва Дубай зиндагӣ мекунад, аммо дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор пайравони худро дорад, ки усулҳои пухтупази ӯро дӯст медоранд. Ҳоло танҳо дар саҳифаи Инстаграмаш беш аз 34 миллион обуначӣ дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

55 минут назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

3 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

3 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

5 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ