fbpx

“Саркӯб кардани ошӯб” ва оташ гирифтани бозори “Султони Кабир”. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Сохторҳои қудратӣ тарзҳои саркӯб намудании эътирозҳои имконпазирро таҷриба карданд

Дар қаламрави қисми ҳарбии №3501 дар Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуданд. Сохторҳои қудратӣ тарзу усули саркӯб намудани эътироз ва бетартибиҳоро дар амал санҷиданд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, як гуруҳи эътирозгарон зидди қатъи интиқоли барқ ошӯб бардошта, кормандони милитсия иштирокчиёни фаъоли гирдиҳамойиро боздошт ва бо ёрии гази ашковар ва обпошакҳо боқимонда эътирозгаронро пароканда карданд.

Бино ба маълумоти ВКД, ин машқҳо, ки муддати як ҳафта идома доштанд, ба “нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимоя аз моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ замони рух додани гирдиҳамойиҳо ва эътирозҳо” равона гардидаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи қонун ба баргузории эътирозҳои осоишта иҷоза дода шудааст, лекин бо гирифтани розигии ҳукумат.

“Қулма” баставу соҳибкорон 4 моҳ инҷониб бепуланд

Ягона постгоҳи назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин – “Қулма” аз аввали моҳи октябри соли гузашта баста боқӣ мемонад. Роҳ бо ташаббуси ҳукумати Чин баста шудааст.

Баъди бар асари пандемия баста шудани сарҳадҳо, интиқоли бор тариқи ин гузаргоҳ бо тарзи махсус амалӣ мешуд.

Дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон мегӯянд, Чин сарҳадро натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон низ баста, ҳалли масъалаи мазкур танҳо ба ҳукумати Чин вобаста мебошад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари як ширкати нақлиёт дар Хоруғ, ки ба ҳамлу нақли молу маҳсулот аз Чин машғул аст, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намудааст, ки боз шудани гузаргоҳи “Қулма”-ро акнун танҳо баъди ба охир расидани таҷлили Соли нав дар Чин интизор аст.

Дар ҳамин ҳол, аксарияти соҳибкорон дар Душанбе, ки аз ҳисоби интиқол ва фурӯши маҳсулот аз Чин пул кор мекарданд, бекоранд.

Бархе аз таҳвилгарон то аввали моҳи октябри соли гузашта баъзе маҳсулот, аз ҷумла либосу пойафзоли зимистонаро фармоиш дода, ба шарикони чинии худ пули онро пардохтанд, лекин то ҳол борашонро нагирифтаанд.

Бозори “Султони Кабир” оташ гирифт

“Султони Кабир” — яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.

Масъулини ВКД дар хабарномае гуфтанд, сӯхтор “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо оташ сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт”.

Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор тахминан соати 7:30 сар зада, баъди ду соат хомӯш карда шуд. Мақомот гуфтанд, ки барои хомӯш кардани оташ, 16 автомашинаи оташнишонӣ фиристода шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомонӣ хисорот доштааст.

Ин оташсӯзии аввал дар бозори “Султони кабир” нест. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 дар ин бозор бистуяк мағозаву дӯкон ба коми оташ рафта буд.

Даҳҳо нафарро барои олуда кардани дарёи Душанбе ҷарима карданд

Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахт, аз ҷумла моликони чанде аз ошхонаҳоро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Саидаҳмади Акрампур, як масъули идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, рӯзи 22-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳое ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки партовҳои маишӣ ва сохтмониро дар соҳили дарё афкандаанд.

Ин масъули ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар як соли охир бо ширкати ҳудудан 24 ҳазор сокин ҳаждаҳ маротиба аксияҳои тоза кардани соҳили дарёи Душанберо ба роҳ монданд. Дар маҷмуъ беш аз 44 километр соҳили дарё аз партовҳо пок карда шуданд. Ӯ гуфт: “инҳо партовҳои сахти маишӣ буданд. Яъне, коғаз, боқимондаи хӯрок, зарфҳои пластикӣ, умуман чизҳое, ки дар хоҷагӣ истифода мешавад”.

Тоҷикистон бидуни коронавирус боқӣ мемонад

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 25 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

15 рӯзи охир Тоҷикистон расман бидуни коронавирус боқӣ мемонад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend