fbpx

Сарбози нав дар артиш аз гап задан мондааст: Волидонаш гуфтаанд, ба гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд, мақомот рад мекунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Сарбозони тоҷик
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Боздиди раиси нави Исфара аз ҷамоати наздимарзии Ворух

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 27 ноябр бо сафари корӣ аз ҷамоати наздимарзии Ворух боздид намуда, бо сокинон вохӯрд ва бо ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ шинос шудааст.

Аз ҳисоби буҷет дар ин ҷамоат сохтмони 5 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 30 млн сомонӣ, аз қабили чоҳи амудӣ, мактаби нав барои 720 нафар хонанда дар маҳаллаи Сангтӯда ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ маркази хизматрасониҳои маишӣ, варзишгоҳ бунёд гардида, беморхона ва кӯдакистон, инчунин роҳҳо ва дигар иншоот аз таъмир бароварда мешаванд.

Бо сокинони ҷамоат Баҳоваддин Баҳодурзода дар бораи сохтмони роҳи мустақим аз Ворух ба Исфара, ҳалли мушкилоти чарогоҳҳо, пешгирии дуздии чорво аз ҷониби сокинони деҳоти ҳамсояи Қирғизистон, баргардонидани чорвои қаблан дузида, таъсиси корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дар баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинони Ворух ва ғайра суҳбат кард.

Аз оғози сол Тоҷикистон 150 тонна лимон содирот кард

Роҳбари Агентии содироти назди Ҳукумати кишвар Шавкат Бобозода гуфтааст, Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли равон ба хориҷ 150 тонна лимон содирот кардааст.

“Агентии мо барои дарёфти шарикони боэътимод, тақвияти имконоти фурӯш ва пешбурди маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тайи 10 моҳи ҳамин сол 150 тонна лимон асосан ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуд”, – хабар додааст Бобозода.

Бемор буд ё масхара карданд? Волидони сарбоз мегӯянд, ба гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд

Сарбозе, ки ҳамагӣ ним моҳ пеш ба хизмат оғоз карда буд, дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, волидони сарбоз гуфтаанд, ба гулӯи сарбоз оби ҷӯшомада рехта, сипас  ӯ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба гуфтаи наздикони сарбоз, сарбоз Баҳовуддин Юсуфов аз гап задан монда, дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ дар як қисми низомӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор хизмат мекардааст.

Мақомот изҳор доштаанд, ки зоҳиран ин ҷавон қабл аз ҷалб шуданаш ба артиш бемор будааст ва ин масъаларо тафтиш доранд.

Абдулҳафиз Юсупов, падари ин сарбоз рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки 18 рӯз пеш хабар ёфт, ки писарашро бистарӣ кардаанд ва вақте ба дидорбинии писараш ба беморхона рафт, ӯ сӯҳбат карда наметавонист, вале ишора мекард, ки сар ва даҳонаш осеб дидааст.

Волидайни ин сарбоз мегӯянд, воқеан вазъи сиҳатии писарашон пеш аз ҷалб шудан ба сафи артиш хуб набуд, вале пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст. Меҳрубон Юсуфов, бародари ин сарбоз гуфт, панҷ сол пеш дар як занозании тасодуфӣ миёни ҷавонони деҳ аз сараш зарб хӯрда буд ва зуд-зуд табобат мегирифт. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди беморӣ бародарашро дар ноҳияи Хуросон “облава” карданд ва ба артиш бурданд.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент афзоиш ёфтааст

10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 3,64 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 – 2,4 дар сад бештар аст.

Аз январ то октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон инчунин истеҳсоли бетони сохтмонӣ беш аз 25 дарсад зиёдтар назар ба соли гузашта истеҳсол шуда, дар маҷмӯъ наздики 350 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст. Семент ва бетон маҳсулоти муҳим дар сохтмони иншоот ба ҳисоб мераванд ва дар Тоҷикистон ҳам назар ба 10-15 соли пеш корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, дар доираи барномаи давлатии навсозии тарҳи шаҳри Душанбе, афзоиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон, бино ба иттилои вазорати саноат, 14 корхонаи истеҳсолкунандаи семент амал мекунад, ки иқтисоди истеҳсолиашон беш аз 5 миллион тонна семент дар як солро ташкил медиҳад. Азимтарини онҳо се ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ – “Чжунгтсай Моҳир семент”, “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр (Суғд) Семент” мебошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend