fbpx

Сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуд. Киҳо метавонанд онро убур кунанд?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Cabar.kg

Додситон барои зане, ки гумонбари қатли 4 фарзандаш аст, 25 сол талаб кард

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Назокатхон Тоирова, имрӯз 3-юми декабр аз додраси парванда хост, ки айбдоршанда барои 25 сол равонаи зиндон шавад.

Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Назокатхзон Тоирова, ки дар куштори чор фарзанди ноболиғи худ айбдор дониста мешавад, имрӯз 3 декабр идома ёфт.

Дар оғози мурофиаи додгоҳӣ Зарина Нурова  ҳимоятгари Назокатхон Тоирова аз суд дархост кард, ки нисбати судшаванда озмоиши такрории комиссионӣ таъин карда шавад. Номбурда зимни қироъати дархосташ гуфт, ки дар ташхиси равоншиносии қаблие, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ гузаронда шудааст, баъзе ихтилофҳо ҷой дорад.

Аммо Неъмат Мирзозода додраси парванда дархости  ҳимоятгарро бо далели он ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ташхиси равоншиносӣ гузаронда шудааст, рад кард.

Талаби 25 сол барои Назокатхон Тоирова дар ҳолест, ки Зарина Нурова ҳимоятгари ӯ  дар мурофиа хоҳиш кард, ки зерҳимояаш аз толори додгоҳ озод карда шавад ва ба табобати иҷборӣ фиристода шавад.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Ҷоизаи Буркро гирифт, маблағро хайр мекунанд

Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озод барандаи Ҷоизаи Девид Бурки Шӯрои Мудирони Нашароти Амрико гардид. Салими Аюбзод, мудири бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” дар фейсбук ин комиёбиро ба ҳамкоронаш табрик гуфта,  аз хидмати онҳо барои ҳақиқат ва ҷасорати онҳо дар иҷрои вазифаи худ ситоиш намуд.

Ба гуфтаи Салими Аюбзод ҷоизаҳои Бурк соле як маротиба аз тарафи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико USAGM, ба рӯзноманигорон барои шараф, шуҷоат ва ҳунари касбӣ дода мешавад.

Салим Аюбзода мегӯяд ҳоло бо ҳамкоронаш дар ҳоли машварат аст, ки маблағи ҷоизаро чӣ гуна сарф кунанд.

“Ақидае аз ҳама бештар садо медиҳад, ки дар ягон кори хайр ва накӯ харҷ кунем. Дар гузашта Радиои Озодӣ чунин таҷрибаро дошт. Ин пешниҳод низ ҳаст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба онҳое, ки бароямон кумакҳои зиёд ва некиҳо кардаанд, туҳфаҳои хотииравӣ тақдим намоем”.

Убури сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷоза шуд, аммо на барои ҳама

Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар пас аз баста шудани сарҳадҳо аз нимаи моҳи март бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус иҷоза доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҷонибҳо ба гузаштани сарҳад барои шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, розигӣ додаанд.

Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд, сарҳадро гузашта метавонанд.

Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад.

Ба категорияи сеюми шаҳрвандони кишварҳо, ки убури марз барояшон иҷоза аст, шахсоне дохил мешаванд, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Хоҷазода Фурқат прокурори вилояти Суғд таъин гардид

Бар асоси фармони Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин гардид.

Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ, то ин замон муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуд. Минҳайси муфаттиш кор карда буд.

Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.

Ҳоҷазода дар ин мақом Ҳабибулло Воҳидовро иваз намуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида, ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар Душанбе бо пули Ҳинд шоҳроҳи ҳаштқаторӣ месозанд

Дар Душанбе сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут расман шурӯъ гардид, ки пойтахтро бо маҳаллаҳои атроф мепайвандад. Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буд.

Гуфта мешавад, ки ин роҳ аз 9,2 километр роҳи автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иборат аст, бо бунёди он мушкилоти зиёди мусофирону ронандагон ҳалли худро пайдо менамояд.

Иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳа дар доираи гранти 20 миллиондолларии кумаки Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 эълон шуда буд, амалӣ мегардад.

Ҳиндустон дар соли 2020 баъди Чину Узбакистону Туркия чоруин кишваре будааст, ки аз ҳама беш ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона кардааст – $3,2 млн.

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар қитъаҳои роҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб хавфи баланди тармафароӣ вуҷуд дорад.

Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ намуда, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend