logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Санаи дақиқи иди Рамазон расман эълон шуд

Намози иди Рамазон дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи 30-юми март соати 6:45 хонда мешавад.

Your tj

15:1227.03.2025

Санаи дақиқи иди Рамазон расман эълон шуд

Иди Фитр дар Тоҷикистон 30-юми март ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора Кумитаи  дин ва танзими ҷашну маросим хабар дод.

Ҳамин тавр моҳи шарифи Рамазон имсол 29 рӯз идома мекунад.

Дар нишасти Шӯрои уламои кишвар, имрӯз, 27-уми март инчунин, қарор дода шудааст, ки намози иди Рамазон дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи 30-юми март соати 6:45 хонда мешавад.

Манбаъ менависад, дар нишаст имомхатибон вазифадор шудаанд, ки мардумро барои расонидани кӯмаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ даъват намоянд.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 8 сомонӣ, нисоби закот аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ – 480 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 16 сомонӣ) муайян гардидааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ