logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Санаи анҷоми соли таҳсил ва оғози таътил муайян шуд

Тибқи фармони вазорат, таътил барои хонандагони синфи 1 аз 25-уми май ва барои хонандагони синфҳои 2 то 11 бошад, аз 31-уми оғоз меёбад.

Your tj

12:4104.04.2025

Санаи анҷоми соли таҳсил ва оғози таътил муайян шуд

Санаи оғози таътили тобистона ва имтиҳонҳои хатм барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон муайян шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дод.

Тибқи фармони вазорат, таътил барои хонандагони синфи 1 аз 25-уми май ва барои хонандагони синфҳои 2 то 11 бошад, аз 1-уми июн оғоз меёбад.

Хонандагони синфҳои 4 то 8 ва синфи 10 пеш аз таътили тобистона имтиҳонҳои аттестатсионӣ месупоранд, ки аз 2-юм то 10-уми июн баргузор мегарданд.

Барои хонандагони синфи 9 имтиҳонҳои хатм аз 2-юм то 16-уми июн ва барои хатмкунандагони синфи 11 аз 2-юм то 20-уми июн баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дарси донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо фарқ мекунад, вале бояд ҳамаи донишҷӯён то 5-уми июл имтиҳоноти худро супорида, пурра ба таътили тобистона бароянд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

2 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

2 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

3 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

5 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ