fbpx

Саломатии заҳролудшудагон дар ноҳияи Ҷ.Расулов барқарор мегардад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Қаблан хабар дода буданд, ду нафар аз ин оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтиданд.
Аъзои хонаводаи заҳролудшуда дар беморхона. Акс аз "Asia-Plus"

Наҷоти 32 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз шоҳроҳҳои Қазоқистон

Наҷотдиҳандагони шаҳри Остонаи пойтахти Қазоқистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак расониданд. Онҳо 32 нафар мусофиронро, ки дар роҳ автобусашон вайрон шуда буд, аз сардӣ наҷот доданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон хабар дод.

Дар пайи ях бастани сӯзишвории дизелӣ як автобус бо 32 мусофир дар роҳ дармондааст
Акс аз сомонаи inform.kz

«30 ноябри соли равон, субҳи барвақт ба Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Остона хабар расид, ки автобус бо мусофирон дар шоҳроҳи Остона-Кокшетау ба кӯмак ниёз дорад. Дар пайи ях бастани сӯзишвории дизелӣ як автобус бо 32 мусофир дар роҳ дармондааст»,- омадааст дар хабар.

Дар идома таъкид мешавад, ки наҷотдиҳандагон фавран ба вилояти Акмола, шоҳроҳи 10 – километри дуртар аз Остона расида, ба амалиёти наҷот ва берун овардани афроди иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд.

«Наҷотдиҳандагон корҳои наҷотдиҳии шаҳрвандонро бомуваффақият ба анҷом расониданд. Дар байни онҳо осебдидагон нестанд»,— гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта ба далели бад шудани вазъи ҳаво ва сармои сахт наҷотдиҳандагон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хадамоти полис 62 нафар, аз ҷумла 8 кӯдакро дар шоҳроҳи Екатеринбург – Алма – Ато аз автобуси мусофирбарӣ ба ҷойҳои бехавф бурданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар миёни онҳо – 10 шаҳрванди Федератсияи Русия, 10 шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 42 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар Маркази мутобиқсозии иҷтимоии шаҳри Кӯкшетау ҷойгир шудаанд ва дар байнашон осебдидагон нестанд.

Саломатии заҳролудшудагон дар ноҳияи Ҷ.Расулов барқарор мегардад

Аз 8 узви як хонадон, ки аз хӯриши “икра” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов заҳролуд шуда буданд, ду нафарашон дар бемористон боқӣ монда, ду нафари дигар пас аз беҳбудӣ ҷавоб шудаанд. Қаблан хабар дода буданд, ду  нафар аз ин оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтиданд.

Қаблан хабар дода буданд, ду  нафар аз ин оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтиданд.
Аъзои хонаводаи заҳролудшуда дар беморхона. Акс аз “Asia-Plus”

Бино ба иттилое, ки Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба “Азия – Плюс” додааст, ҳоло Муноҷот Каримова, ки дар шӯъбаи эҳё қарор дошт, пас аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш ба  шӯъбаи табобатӣ бистарӣ гузаронида шуда, якҷо бо Туйдинисо Зарипова, узви дигари ин хонадон, табобатро идома медиҳанд.

“То он замоне, ки саломатии ин ду нафар боз ҳам беҳтар нагардад, иштиҳояшон хуб нашавад, зери назорат хоҳанд буд”, – гуфт муовини сартабиб.

Саломатии боқимонда 4 узви дигари ин хонадон ҳоло хуб арзёбӣ мегардад ва онҳо аз бемористон рухсат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми ноябри соли равон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонадон аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда, пас аз ду рӯзи худдармонӣ, ба бемористон интиқол дода шуданд.

Пас аз 10 рӯзи табобат ду  аъзои оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтидаанд.

Ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маҳсулоти дар шароити хона омодашуда дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи истеъмоли консерва 18 узви як хонавода заҳролуд шуда, 4 нафарашон ба ҳалокат расида буданд.

Ҳамчунин, моҳи августи соли равон бар асари бемории стафилокок доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Қирғизистон қонуни созиши марзӣ бо Узбекистонро имзо кард

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонун дар бораи тасдиқи созишномаи марзӣ байни Қирғизистону Узбекистонро имзо кард.

Ин созишнома рӯзи 3-юми ноябр аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Қирғизистону Узбекистон имзо шуда буд.

Рӯзи 17-уми ноябр порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон қабул кард.

Ин санадҳо аз ҷониби порлумони Узбекистон низ тасдиқ шуданд.

Дар порлумони Қирғизистон тасдиқи санадҳои мазкур баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Авҷи дигарбораи коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус афзудааст.

Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон рӯзи 29 ноябр аз 141 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус хабар додааст. Ин нишондод аз як рӯзи пеш 10 нафар зиёд буда, бештари сироятёфтагон ба шаҳри тошканд рост меоянд. Аз моҳи июни соли 2022 ин рақам бори аввал аз 100 гузаштааст.

Дар кишварҳои ҳамсоя ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус афзудааст.
Аз аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Теъдоди умумии гирифторони COVID-19 дар Узбекистон расман аз оғози пандемия дар моҳи марти соли 2020 ба 246,2 ҳазор нафар расидааст.

Ба ҳолати 30 ноябр дар Қазоқистон 1020 нафар муолиҷаи сирояти коронавирус ва пневмонияи ковидиро идома медиҳанд, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Миёни онҳое, ки табобат мегиранд, 882 нафар гирифторони сирояти коронавируси тасдиқшуда (CVI+) ва 138 нафар беморони гирифтори пневмонияи ковидӣ (CVI-) ҳастанд. Аз ин шумора 165 нафар беморон дар беморхона ва 855 нафарашон дар сатҳи амбулаторӣ қарор доранд.

Миёни ҳолатҳои CVI+ ва CVI- 6 нафар беморон дар ҳолати вазнин, 2 нафар дар вазъи шадид ва 1 нафар зери дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор доранд.

Дар Қирғизистон аз 21 то 27 ноябр 19 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии ин кишвар.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 19 ҳолати ба қайд гирифташуда 5 нафар дар беморхона бистарӣ буда, 14 нафари онҳо дар шароити амбулаторӣ табобат мегиранд.

Давоми 10 моҳу 27 рӯзи соли 2022 ҳамагӣ 21783 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 19774 (90,8%) аз лиҳози лабораторӣ ва 2009 (9,2%) аз лиҳози клиникӣ ва эпидемиологӣ тасдиқ шудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, аз аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend